Гуштии миллӣ: “Опел”-ро Шакар гирифт, буқкаро Раҳмихудо (АКС)
Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштии миллӣ дар Язгуломи ноҳияи Ванҷ насиби Шакар Мирмамадов, сокини шаҳри Хоруғ шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии кишвар, ки яке аз созмондиҳандаҳои ин сабқат буд, Мирмамадов дар вазни мутлақ бар рақибони худ дар даври ниҳойӣ дастболо шуда, сабукрави “Опел”-ро ба худ ихтисос додааст. Манбаъ мегӯяд, дар вазни 60 кило Далер Қурбонов (Хоруғ), дар вазни 75 кило Сайёд Шайхов (Хоруғ) мақоми аввалро касб намудаанд: “Тӯҳфаи қимматноки дигар – буққаро Раҳмихудо Шарипов аз ноҳияи Ванҷ ба даст овард”.
Мусобиқаи гуштии миллӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва ҳамапурсӣ ба Сарқонуни кишвар баргузор шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |