“Нигоҳи нав” бо намоишномае дар бораи тахриби биноҳои таърихӣ поён ёфт (АКС)

Панҷумин Ҷашнвораи байналмилалии театрии “Нигоҳи нав” дар Душанбе ба кори худ анҷом баъшид.
Расми ҷамъбастии ин ҷашнвора шоми дирӯз, 20 май дар театри давлатии Ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар сурат пазируфт. Имсол бори нахуст “Нигоҳи нав” мақоми байналмилалӣ гирифт ва дар баробари гуруҳҳои театрии Тоҷикистон ду ҳайат -- Театри давлатии академии драмавии Қазоқистон ба номи Мухтор Авезов ва Студияи театрии ҷавонони Қирғизистон иштирок намуданд.
Аввалӣ намоиши “Шоҳ Лир” ва дувумӣ намоиши “Беруши”-ро манзури ҳаводорони санъати театрӣ карданд.
Дар фарҷоми панҷумин ҷашнвораи “Нигоҳи нав” дастёрҳо ё волонтёрҳо бо пешниҳоди як намоишномаи кутоҳ ба тахриби маконҳои таърихии шаҳри Душанбе ишора карданд. Қобили ёдоварист, дар баробари чанд бинои замони Шӯравӣ, ки қарор аст тахриб шавад, ду театр – Лоҳутӣ ва Маяковский низ ҳастанд.
Панҷумин ҷашнвораи байналмиллалии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” имсол ба 85-солагии Ҳунарманди мардумии ИҶШС Ҳошим Гадо бахшида шуд ва аз 16 то 20 май идома кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |