Дилшод Назаров дар Чехия нишони нуқраро ба гардан овехт
Дилшод Назаров, варзишгари номовари тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При “Оstrava golden spike” гурзро ба масофаи 78,82 метр ҳаво дода, дар мақоми дувум нишаст.
Ин мусобиқа дар Ҷумҳурии Чехия баргузор шуд ва Павел Файдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 80,66 метр соҳиби ҷойи аввал шуд. Нишони биринҷӣ насиби Маркел Ломнитски аз Словакия (77,48 метр) гардид.
Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |