Муҳлати муовини сарвазир барои анҷоми сохтмони манзилҳои харобшуда дар Бадахшон
Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон муҳлати ниҳойии сохтмони манзилҳои дар пайи заминларза зарардидаи водии Бартанги ВМКБ-ро ҳудуди як моҳи дигар муқарар кардааст.
Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти мухтори куҳистони Бадахшон имрӯз, 20 май ба “Озодагон” гуфт, муовини сарвазир бо мақсади додани баҳои воқеӣ ба ҷараёни корҳои барқарорсозию сохтмонии хонаҳои аз зилзила зарардидаи водии Бартанг аз ҷамоатҳои Басид, деҳаҳои Дорж, Басид, Бардара ва Савноб, деҳаҳои Рошорв, Нисур, Барчидев, Савноб, Рухч, Бопасор ва Пасору Гулдара дидан намуд. Оқои Иброҳим дастур додааст, ки тамоми корҳои сохтмонӣ бояд на дертар аз 15 июн ба анҷом бирасанд.
Манбаъ мегӯяд, то имрӯз аз ҷониби ҳукумат барои сохтмони манзиҳои 134 оилаи пурра ва қисман аз офати табиӣ зарардидаи водии Бартанг 792 тонна семент, 565 куб тахта, 121 тонна арматура, 536 дона дар, 402 дона тиреза, 4 тонна мех ва ламинату шифер дастрас гардидааст. Ба гуфти хонум Асламшоева, сохтмони як қисми хонаҳо алакай ба анҷом расидааст: “Оилаҳое, ки барои сохмони манзил қувваи корӣ надоранд, аз ҷониби ҳукумати вилоят ва ноҳия қувваи корӣ таъмин карда шуданд”.
Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |