Иршод СУЛАЙМОНӢ
Ба назар мерасад, ки ҷомеаи тоҷик масъала ва ё қазияи Зайд Саидовро як кори ҳалшуда медонад. Ҳоло дигар на дар расонаҳо ва на дар доираи қонун иттилое дар бораи талошҳои қонунӣ барои исботи бегуноҳии ӯ нашр ва дида намешавад. Вале баҳси қазияи Заид Саидов, ки то кунун ҷомеа дар бораи гунаҳкорӣ ва бегуноҳии ӯ қаноат ҳосил накардааст, мавриди гуфтугузорҳои дуру дарозе қарор мегирад.
Шояд дар назари аввал чунин намояд, ки ин дуро танҳо тасодуфи замонӣ бо ҳам мепайвандад. Вале бояд гуфт, ки референдум ва Зайд Саидов на танҳо тасодуфи замонӣ, балки ба якдигар пайванди моҳиятӣ доранд. Тасодуфи замонӣ ин аст, ки имрӯз аз ҳабси пурҳангома ва пуровозаи Зайд Саидов вазири собиқи ҳукумати феълӣ ва соҳибкори муваффақ се сол мегузарад, ки акнун бо ҳукми додгоҳ барои 29 сол равонаи зиндон шудааст. Ва ҳамагӣ баъди чанд рӯзи сесолагии ҳабси ин соҳибкор, ки худро комилан бегуноҳ меҳисобад, вале ба қавли қозии мурофиа бо “тақозои замон” зиндонӣ шуд, дар кишвар референдум ва ё ҳамапурсӣ ба хотири ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвар сурат мегирад.
Пайванди моҳиятии қазияи Зайд Саидов ин аст, ки ӯ ва вакилони дифои ӯ иддаъо доранд, ки маҳз ҳуқуқҳои конститутсиониаш нақз шудаанд. Яъне, ӯ мехост бо кофолат ва замонати Қонуни асосӣ ҳамчун шаҳрванд ҳизби сиёсӣ таъсис бидиҳад ва дар равандҳои сиёсии кишвар иштирокдори фаъол бошад. Аз ҷониби дигар муфассирини тағйиру иловаҳои мавриди назар ба Қонуни асосӣ мегӯянд, ки яке аз ҳадафҳои тағйирот замонат ва кафолати бештари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Аз ҷумла яке аз иловаҳо ба қисми якуми моддаи 5 дар референдуми 22 май ин аст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд”.
Зайд Саидов дар яке аз мурофиаҳо худро қурбонии ҳамин кафолат ва замонатҳои Қонуни асосӣ эълон карда буд.
Ҷанбаи дигари пайванди моҳиятии қазияи Зайд Саидов ба референдум ин аст, ки ӯ парвандаи худро сиёсӣ унвон карда буд ва дар яке аз мурофиаҳояш гуфт, “мақомот ӯро барои гирифтани 3 миллион доллар барои иштирок дар интихоботи президентӣ ҳам муттаҳам донистаанд”. Дар Тоҷикистон бар асоси Қонуни асосӣ инсон барои дидгоҳҳо ва фаъолияти сиёсиаш мавриди пайгард ва ҷавобгарӣ қарор намегирад.
Чизи дигаре, ки референдумро ба қазияи Зайд Саидов пайванди моҳиятӣ медиҳад ин аст, ки ӯ мехост бар асоси кафолат ва замонатҳои Қонуни асосӣ ҳизби сиёсӣ ташкил биҳад. Дар Тоҷикистон ҳуқуқи ташкили ҳизби сиёсӣ ҳуқуқи конститутсионӣ ба шумор меравад ва дар ҳамапурсии мавриди назар дар мавриди аҳзоб низ тағйирот дар назар аст.
Зайд Саидов, ки дар як ҳамоиши хурд дар Душанбе аз роҳандозии ҳизби сиёсии наве бо номи “Тоҷикистони нав” хабар дод ва пас аз он ба унвони раиси Федератсияи тениси рӯйи мизи Тоҷикистон тенисбозонро барои як мусобиқа ба Пориси Фаронса бурд. Замоне ӯ дар Фаронса қарор дошт сару садоҳо дар дохил дар бораи ӯ зиёд шуданд ва мақомот аз боз шудани парвандаҳое суҳбат мекарданд. Зайд он замон дар як суҳбат аз хориҷ бо расонаҳо гуфта буд, худро комилан бегуноҳ медонад ва хурдтарин далеле барои барнагаштан ба кишварро намебинад. Ба гуфтаи ӯ, ба қонунмандӣ дар кишвар бовар дорад ва бармегардад. Ҳатто бар асоси баъзе аз тахминҳо ва сару садоҳо яке аз мансабдорони баландмақом ба нимаи роҳ ба пешвози ӯ рафтаву замонат додааст, ки баргардад, зеро бо ӯ “чизе намешавад”. Ҳарчанд то ҳол маълум нашуда, ки ин мансабдор кӣ буда.
Дирӯз ҳам Хайруло Саидов, писари ӯ навишт: “Падарам дар як ҳолати изтироб, вале хеле хушбин ба қонунмандии кишвар баъди анҷоми сафар ҳама баҳсу суолҳои бархостаро дар доираи қонун баррасиву ҳал мекунам мегуфт”.
Муфассирини тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ мегӯянд, яке аз ҳадафҳои асосӣ такмили ин санад бар асоси талаботи нави ҷомеаи демократӣ мебошад ва ин тағйирот ҷомеаи моро демократитар мекунанд. Ҳарчанд тағйироти мавриди назар ба парвандаҳову иттиҳомоти Зайд Саидов дахолати решаӣ надоранд, аммо агар ҳадафи тағйирот демократитар кардани ҷомеа бошад, пас дар ҷомеаи демократитар расидагӣ ба ин тур қазияҳо бештар мешавад. Шояд!