Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Гуруҳи 30 нафарии ҷавонон ва занҳое, ки иддао доштанд, наздиконашон дар исёни Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини собиқи вазири мудофиа кушта шудаанд, баъди зуҳри имрӯз 19 май бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо истирдоди Муҳиддин Кабирӣ ва дигар мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро талаб карданд.
Дар ин гирдиҳамоӣ, ки аз соати 15:05 то 16:15 идома дошт, занҳову ҷавонон мегуфтанд, саркардаҳои исёни Ҳоҷӣ Ҳалим дар Аврупо паноҳ бурдаанд. Ба иддаои онҳо Иттиҳоди Аврупо хоинҳоеро, ки фарзандонашонро куштаанд, ҳимоят мекунад: “Бароед, ҷавоб диҳед. Хоинҳоро пуштибонӣ мекунед. Ба онҳо минбар медиҳед. Онҳо ҷанг мехоҳанд. Онҳо фарзандони моро куштаанд. Мо ҷанг намехоҳем, мо сулҳ мехоҳем. Як нафар барояд ҷавоби моро диҳад”.
Ин занҳо аз суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” ва ифшои номашон худдорӣ карданд. 10 зан бо либоси азодорӣ ҳушдор доданд, ки агар ба додашон нарасанд, ҳазорҳо занро назди дафтари Иттиҳоди Аврупо меоранд. 5 тан аз ин занҳо дар даст аксҳое доштанд, ки ба гуфтаашон аз дасти гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудаанд. “Кабирию “Гуруҳи 24” хоинанд. Бояд онҳоро ба Тоҷикистон диҳанд, то дар назди қонун ҷавоб диҳанд”,-садо мезаданд онҳо.
Яке аз занҳои эътирозгар худро дар мобайни роҳи мошингузар ба замин партофт:
Тавре хабарнигори “Озодагон” гуфт, баъди қариб як соати ҳамоиш ягон намоянда аз Иттиҳоди Аврупо назди эътирозгарон набаромад. Ҷамъомадагон бо қатъи ҳамоиши имрӯза изҳор доштаанд, ки бо ҷалби ҷавонону занони бештар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо бармегарданд, то посухе дарёфт кунанд.
Аз ин пештар чандин бор гуруҳе аз ҷавонони тоҷик бо баргузории гирдиҳамоиҳо аз мақомоти Амрикою Аврупо маҳкумсозии Абдумалик Абдуллоҷонов, Додоҷони Атовулло ва Муҳиддин Кабириро талаб карда буданд. Ҷавонон аз Абдумаллик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазир ва номзад ба президентии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ - ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон ва Додоҷони Атовулло, раҳбари ҳаракати “Ватандор” –ро ҷинояткорҳое, хондаанд, ки дар кишварҳои Аврупою Амрико паноҳ ёфтанд.

Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |