ВКД мегӯяд, падари маст писари 2-солаашро то марг кӯфтааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 36-сола, сокини ноҳияи Варзоб хабар дод, ки дар марги писари дусолааш айбдор мешавад.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин мард 17 май, тахминан соати 18:30, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъа дар ҳолати мастӣ писари хурдсоли 2-солаашро, бо дастонаш латту кӯб намудааст: “Дар натиҷа кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки бо марг анҷомидааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |