Манбаъ афзуд, Зулайхо Комилова, муовини райиси шаҳри Кӯлоб изҳор дошт, ки Сайид Раҳмон дар ҳама ҳолат аз пуштибониву дастгирии ҳхукумати шахр бархурдор аст. Бояд тазаккур дод, ки Сайид Раҳмон муаллифи ду китоби назмии «Резаборони тарона» ва «Сӯзи дил», инчунин се китоби насрии «Аз рӯзгоре то рӯзгорон», «Шукронамарг» ва «Масъуди сипаҳсолор» мебошад. Дар соли 2010 романи «Масъуди сипаҳсолор»-и Сайид Раҳмон сазовори ҷоизаи вилоятии ба номи Носири Хисрав гардида буд.Сайид Раҳмон ин асари худро нуктаи баландтарини фаъолияти эчодиаш медонад.Муаллиф дар ин асар перомуни ҳаёти шахсии Аҳмадшоҳи Масъуд, аз фармондеҳони шинохтаи муҷоҳидини Афғонистон ва ҷиҳоду муқовимати ӯ алайҳи артиши шӯравӣ ва толибон қисса кардааст.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |