Бахшҳо

Нашри навори латукӯб ва дашномдиҳии гӯшношунид барои таҷлили Ҳолӣ дар Душанбе (САДО)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори аудиоии 16 дақиқаӣ нашр шудааст, ки ба иттилои ноширонаш дар он лаҳзаи латукӯб ва дашномдиҳии ҷавонони боздоштшуда барои таҷлили Ҳолӣ дар идораи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сабт шудааст.

Қаблан бархе аз таҷлилкунандаҳои Ҳолӣ, ҷашни ҳиндии рангҳо дар Душанбе шикоят карданд, ки 15-уми май баъди таҷлили Ҳолӣ дар хиёбони марказии пойтахт боздошт шуда, дар идораи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди таҳқир, латукӯб ва таҳдиди таҷовуз қарор гирифтаанд.

Дар навори аудиоие, ки зоҳиран пинҳонӣ сабт шудааст, маъмури милиса духтаронро дашномҳои қабеҳ медиҳад ва инчунин садои зарба ва гиряи духтарон ба гӯш мерасад. Дар ин навор духтар бо садои гиряолуд хоҳиш мекунад, ки ӯро назананд, аммо марде, ки зоҳиран маъмури милиса аст, дашномдиҳиро идома медиҳад. Дар пасманзари дашномдиҳии қабеҳи гӯшношунид инчунин садои зарбаю латтукӯб ба гӯш мерасад.

Духтар дар ин навор изҳор медорад, ки “илтимос ака, ман намедонистам, ки мумкин нест”. Аммо мард дашномдиҳияшро идома дода, меафзояд, ки ту чӣ худата, сиёҳ кардӣ... Ин мард дашномдиҳии гӯшношунидашро қатъ накарда, изҳор медорад, ки чунин корҳо бояд “согласоват” шаванд.

Навори аудиоии таҳқиру дашномҳои гӯшношунид ин ҷост

Ин дар ҳолест, ки баргузоркунандаҳои ҷашни Ҳолӣ дар Душанбе ба "Озодагон" изҳор доштанд, ки ин ҷашнро дар мувофиқа бо мақомоти корҳои дохилӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и Вазорати корҳои дохилӣ гузарондаанд. Мусоҳиби “Озодагон” гуфт, бархе аз ҷавонон, аз ҷумла ноболиғон танҳо барои он боздошт шудаанд, ки баъди ҷашни Ҳолӣ бо дасту рӯи ношуста ба хонаҳояшон раҳсипор шудаанд.

Қаблан яке аз ҷабрдидаҳо бо тахаллуси Roma Anderson дар саҳифаи худ дар фейсбук навишта буд, ки ҳангоми бозгашт ба хона ӯ ва рафиқашро, ки зан будааст, кормандони пулис бидуни ягон огоҳӣ иҷборан ба мошин савор карда, ба ШКД-и Исмоили Сомонӣ бурдаанд: “Пас аз нишастан дар мошин маро латту кӯб намуда, таҳқирам намуданд. Вақте ба шӯъба расидан модарамро дар он ҷо дидам. Модарам маро ҳимоя карда, ҳодисаро пурсон шуд, вале яке аз кормандони пулис ӯро зада, тела дод. Баъдан бо ӯ бо як лаҳни таҳқиромез суҳбат доштанд ва ман дигар надидам, ки чӣ шуд. Баъдан маро дар саҳни шӯъба латту кӯб намуда, таҳқирам мекарданд, ки ин ҳам барои пур аз ранг будани рӯй ва либосҳои ман буд”.

Дар пайи нашри навор ва шикоятҳои зиёди ҷавонон Гулнора Амиршоева, вакили шаҳри Душанбе ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Вечёрка” аз ҳамаи он нафароне, ки аз сӯи маъмурини пулис мавриди таҳқиру таҳдид қарор гирифтаанд, даъват кардааст, ки аризаи шикоятӣ нависанд. Ин вакили халқӣ рафтори кормандони милисаро ношоям ва сӯиистифода аз вазифа унвон карда, таъкид намудааст, ки “ҳеч кас ҳақ надорад, шуморо, фарзандони шуморо, таҳқир кунад, модаронатонро дашном диҳад ва душмани халқ номад. То он даме ки шумо хомӯш менишинед онҳо ин одамонро таҳқир мекунанд ва беҷазо мемонанд”.

Ин вакили шаҳри Душанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир Вазорат аз қазия огоҳ буда тафтишоти корӣ идома дорад. Ӯ афзуд, дар назар аст, ки рӯзи шанбе бо раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишвар дидор кунад. Ӯ аз ҷабрдидагон хоҳиш кардааст, ки аризаҳои шикоятиро дастаҷамъона ва ё алоҳида бо суроғаи Прокурори генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ба вакили шаҳри Душанбе нависанд. Гулнора Амришоева гуфтааст, “бе нишондод ва шикояти шумо мо наметавонем рафтори он нафаре, ки дар навори аудоиӣ ҷавононро таҳқиру кардааст, исбот созем”.


Ҳолӣ ё “Ҷашни рангҳо” як ҷашнвораи миллӣ-мазҳабӣ аст, ки дар Ҳиндустон, ба вижа таввасути ҳиндуҳо дар моҳи март ва ҳангоми шурӯи фасли баҳор баргузор мешавад. Ин дар тамоми Ҳиндустон рӯз таътили расмӣ аст. Дар Тоҷикистон ҳам чанд сол аст, ки як гуруҳ аз ин ҷашн истиқбол мегиранд.
Мӯҳр
Санобар.Дашти Чум
Холи?Ин калима чзе худаш,сони фахмонида медод,маьниаша чи буданаша,мурам шумо ба.Хонаи шавхарамба пурсам,ин одамони Даштичум Холи я намедонем мугуд э е тоба,.Ман катик мегум ино катика чургот мегун,ман карам мегум ин мардум карама капуст меган е тоба.Хушдоманам танурро дегдон мегуяде,о ин танур,дегдон не гуям малол мешавад дия малол.О боз холиги ин Холияш чзе бошад а?

Корбар
Озодагон"Х,оли" ин чи ч,ашнаст???
Як кутох, карда мефах,монден!!

Худоё тоба ин чи гап аст. Инҳоро лаҷомашонро сари вақт накаши имрӯз ҳолӣ пагоҳ голӣ фардо мебини ки ИГИЛа ташкил мекнан Худо аз он рӯз нигоҳ дорад баҳманмоҳи солҳои 90-92-ро низ ташкил намуданашон аз эҳтимол дур нест. Бисёр хуб мешуд муҳтарама Амиршоева ба сиёсат кор намегирифтанд чун ман худ шоҳиди он ҳастам ки дар яке аз пурсишҳои дар саҳифаи Фейсбук ба нашр расида муҳтарама аз ГЕЙҲО пуштибонӣ намудаанд ҳол он ки ин тамоман на ба қонуни давлат балки ба ақл одам рост намеояд. Зинда бод соҳибистиқлолии Тоҷикистон! !!

Бисёр илтимос мекардам шарҳ ва ақидаи дарҷ намудаи маро чоп кунед мӯҳтарам ОЗОДАГОН.

аы
Хайфи номи милиса. Вазир бояд хамаи ин дахонвайронхоро муайн намуда аз кор пеш кунад.

Бо ин ахвол дар кишвар даъво доранд, ки туризм рушд шуда истодааст. Бо ин супур милисахо ки рафтори хайвони ва даррандаги доранд, чи гуна метавон як фазои озоду амн барои чорабанихои гуногун фарохам овард. Дар кишвархои дигар хар руз як чашну маърака аст ва он чашнхо ба мардуми гуногун тааълук доранд. Дар мо бошад бо ин милисахо намешавад озодона нафас кашид. Тасаввур кунед, ки точикро дар дар як кишвари дигар барои тачлили Навруз чунин тахкир кунанд.

Romish
Кошке ки духтарои хаму милисахора ягон милисаи дигар баравы мурдани лату куб кна.

Ого
Ана кору мана кор!
Ин отделро бо тамоми коргарҳояш виговор дода, аз системаи хизмати дохилӣ пеш кардан даркор.

Бо ахбори Точикистон мегуяд дар ВКД-и мо лату куб вучуд надорад, о ин кудакони бегунохро чаро и кадар лату кубу хакорат кардед? Хато ба ун духтарак нияти издивоч карданд-е, товба!!!

БА гуе ТОЧИКБАЧА!!!!! Ту наход то ба ин дарача камфахм боши бародар?! Хамту дар гугл чустучу карда маънии "Холи"-ро хон бад шарх навис. Охир ин як иди миллии хиндухо хаст, ки хамасола дар Хиндусто ва дигар кишварон чашн гирифта мешавад, рамзи бахор аст, ба мисли НАВРУЗи мо. Ягон мантик надорад ин гапи ту "Худо аз он рӯз нигоҳ дорад баҳманмоҳи солҳои 90-92-ро низ ташкил намуданашон аз эҳтимол дур нест". Чи лозим ин идро ба солхои 90 пайвастан? Наход точики мо то ба ин дарача бефахму, бесаводу бефарханг шуда рафтааст?.......АФСУС.....

Сабти аудиои бисёр тоза аст. Маълум аст, ки махсус навор шудааст ва хатто бафикрам чихатхои сиёсиаш зиёдтар аст нисбати ахлокиаш. Шоят дахолати сиёсати беруна хам бошад. Албатта тахкир кардан ношоям аст, махсусан ба зан, аммо баъзан чавонони имруза онкадар бефарханг ва бадахлокона ва зиёноварона барои Ватан рафтор мекунанд, ки агар пеши рохи онхо гирифта нашавад, дигар на фархангамон мемонаду на сиёсати Точикистон.

Озодагон, латукуб ва дашноми милисахо чандон дардовар нест. Як руз ру занад рузи дигар намешавад. Аз чашни бегонагон истикбол кардани наврасону чавонон, ки ояндаи моанд, сахт дардовар аст. Ин зарба ба решаи хеш, таназзули милли, нишонаи заъфи маориф ва гумрохии мо мебошад. Агар шумо масъулони сомона худро точики асил мепиндоред ва коргохи хешро Озодагон ном гузоштед, акаллан як гузориш дар мавриди махкум намудани чунин бегонапарасти пахш кунед. Оё ин гуна хиси милли ва ватанпарасти доред? Гузашта аз ин, падару модар, масъулони маориф ва ташкилкунандагони ин бегонагароиро чазои сангин мебояд. Ман хамчун точик розиам, ки онхо аз Ватан, аз сарзамини точик ронда шаванд. Туф ба афроде ки дар Ватани худ аз пайи пегона меравад.

Дарвеш
Рости гап хамин праздник чи маъно дорад? Дар руи хамдигаришон рангхои хархела мепартоянду ба холи якдигар механданд. Фалсафаи ин праздникро худи хиндухо мефахманд. Барои мо точикон ин сирф бегона аст. Ба хамаи иштирочиен як савол. Кайфияти хамин корро дар чи мебинед? Охир Наврузи моро хиндухо хамин хел чашн мегиранд ё не. Албатта хар як шахс хукук дорад, ки бо ихтиёри худаш кори дилхохашро кунад. Лекин баъди 2 - 3 сол алакай фарзандонамонро ба ин праздник мебарем. Баъд кани хуввияти милли.
Кори милисахо албатта нодуруст буд. Ин дашномошон кати обруи весь милисахои точикро резондаданд. Бо рохи фахмондадихи мекарданд мумкин ин кор то инчо намерасид. Халки мо бояд хушёр бошанд. Хар як кори мекардагиашонро дар тарозу баркашанд ва амал намоянд. Ин фикри шахсии ман.

Сафар
Миллион офарини хамин духтарако , ки дар дами ин гурго талхакаф нашуданд. Ба худо касам як фикр мекуни фарзандта дар чои хамун духтарако талхакаф мешай.

Пурдил
Ин аввали аввал тахкири худи вазири корхои дохили аст!!!!

Салому дуруд бар Миллати Шарифи Точик!
Яке Аз дустон ба ман як китоб тухфа кард, ва он китоб муаллифаш дар едам нест ,, Суханони Бузургон''ном дошт.
Вакте, ки китобро мутолиа кардам дар бораи Фарханг бузургони хар Миллат сухан гуфтаанд, ва дар ончо Ганди яке Аз бузургони хамин хиндухо низ чунин гуфтааст: Ман моилам, ки тамоми фарханги Дуне дар гирди хонаам чама шавад, Вале ичозат намедихам, ки дар натичаи вазидани ин насим хонаам Аз бех канда шавад.
Вакте, ки як хиндуи бедин токати тачовузи фарханги худро надорад, пас чигуна Мо Точикони Асил тахамиули чунин корро дошта бошем?
Имрузхо фарханги Миллати Точик тачовуз шуда истодааст Аз тарафи фарханги хиндию,русу,инглис ва ....
Хайфи фарханги Точики!
Ин гумрохон садкаи ному фарханги Точики Шаванд!!
Ин духтарони гумрохи миллатфуруш хама корро таклид ба хамин хиндухои Гуломзода мекунанд.
Хамин куртаи Точикиро Аз ду тараф чок кардан ин таклиди куркурона ба мардуми хинди ва тачовуз ба фарханги Точики нест?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)