Гуфтанист, Силвио Берлусконӣ, нахуствазири собиқи Италия дар аввали ҳафтаи гузашта натавонист, раъйи аксарияти порлумони ин кишварро ба даст оварад.Номбурда, миллиардери 75-сола барои нахустин бор дар соли 1994 бо шиори “Италия ба пеш ҳаракат кун!”ба қудрат расида буд. Аммо дар ниҳоят бо боло гирифтани ихтилофот миёни вай ва раҳбари Лигаи шимолии Италия дар соли 1995 маҷбур ба истеъфо шуд.Сипас дар соли 2001 симмати панҷсолаи нахуствазириро барои бори дуввум бар ӯҳда гирифт ва пас аз он дар соли 2007 ва баъди истеъфои Романо Проди нахуствазири вақти Италия ба далели рукуди иқтисодӣ, барои бори севум ба мақом нахуствазирӣ расида буд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир қарзи Италия беш аз як триллиону 900 миллиард евро аст.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |