Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода тасмим гирифтааст, то моҳи августи соли равон аз кулли зиндонҳои кишвар дидан намояд.
“Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки барои аз миён бурдани мавориди шиканҷа дар зиндонҳо дар якҷоягӣ бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҳашт нишаст дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон доир шавад”-мегӯяд ӯ. Агарчи вазъи зиндонҳо ва шароити нигаҳдошти маҳбусин ҳамеша мавриди интиқод буду ҳаст, вале вазири адлияи кишвар Бахтиёр Худоёров Тоҷикистонро барои эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонаш васф карда мегӯяд, Тоҷикистон дар даврони истиқлолият инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун ҷавҳари асосии сиёсати давлату ҳукумат ба инобат гирифтааст.
Мӯҳр