Манобеъ: Пирзода барканор нашуд, раҳбарияти нав муваққатист

Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, барои дастгирии “Тоҷиксодиротбонк” дар ин ниҳод маъмурияти муваққатӣ таҳти роҳбарии Мирҳаёт Ёқубовро таъин кардааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” Тоҷиддин Пирзода аз мақоми раиси “Тоҷиксодиротбонк” барканор нашудааст: “Аз Бонки Миллӣ як гуруҳи корӣ таъин шудааст, ки ба раёсати Бонк тайи се моҳи оянда кӯмак хоҳад кард. Ин як раванди муқаррарии умури бонкӣ аст, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ роҳандозӣ мешавад. Бонки Миллӣ бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии бонк ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он маъмурияти муваққатиро ба муҳлати се моҳ таъин намудааст”.
“Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд, ахиран эълон карда буд, ки 50 дарсади саҳмияҳояшро барои фурӯш ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод кардааст. Тоҷиддин Пирзода, ки ҳафтаи гузашта дар Лондон қарор дошт, дар суҳбат бо нашрияи “BNE Intellinews” гуфт, дар баробари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сармоягузорони дигарро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, то маблағи бештаре ҷалб намоянду уҳдадориҳоро назди мизоҷон пурра иҷро кунем.
Моликони саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” 5 ширкат-“Евразия”-58,89%, “Мелодиён”-11,65%, “Эҳсон”-10,99%, “Медиа Плюс”-7,38% ва “Восток”-1,11% мебошад, ки аз инҳо ширкати “Евразия” ба Пирзода марбут дониста мешавад.
Георгий Орлов, мудири БАТР оид ташкилотҳои молиявии Русия ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, дар пайи коҳиши содироти мол ва воридоти маблағи муҳоҷирон, низоми бонкии Тоҷикистон ба мушкилот рӯбарӯ шудааст. Ӯ афзудааст, дар пайи коҳиши воридоти маблағ аз хориҷ бисёре аз шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон натавонистаанд, қарзҳои бонкиро саривақт пардозанд, ки дар натиҷа бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар иҷрои уҳдадориҳояшон ба мушкилот мувоҷҷеҳ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |