Бахшҳо

Ҳамдардии Э.Раҳмон ба наздикони кушташудаҳо дар Хованское (АКСУ ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба аҳли оила ва пайвандони се сокини шаҳри Роғун, ки аз дасти авбошон дар қабристони Хованскоеи Маскав кушта шудаанд, изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, куштори тоҷикон аз дасти авбошон дар Маскав аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия мавриди тафтиш қарор дорад.

Субҳи имрӯз, 18 май ҷасадаи се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи як занозанӣ дар қабристони Хованскоеи Маскав кушта шуданд, ба Душанбе расид. Барои қабули тобути сокинони шаҳри Роғун -- Хушаков Суҳроб Таваралиевич соли таваллудаш 1990, Ризоев Иноят Қаноатович соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович соли таваллудаш 1974 дар баробари наздикони онҳо, Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ ба фурудгоҳи Душанбе омада буд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи гузашта ба “Озодагон” гуфт, тамоми аснод барои интиқоли ҷасадҳо таҳия шуда, тобутҳо тавассути ширкати “Тоҷик Эйр” интиқол мешавад.

Тобути се муҳоҷири кушташуда бо мусофиркашҳои маъруф ба "Старекс" ба Роғун интиқол ёфт. Наздикони ин мақтулон ба "Озодагон" гуфтанд, нақлиётро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фиристодааст.



Дар занозании рӯзи 14 май дар қабристони Хованское ҳамчунин даҳҳо муҳоҷири тоҷик маҷруҳ шуда, мақомоти пулиси Маскав чандин шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард. Қаблан, бархе расонаҳо гуфтанд, дар ин занозанӣ, ки миёни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ ва сокинони Қафқоз ба миён омад, қафқозиҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро барои “разбор” бо тоҷикон овардаанд, аммо сухангӯи Сафорати Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунад: “Вақте ба мақомоти дахлдори Русия дархост фиристодем, дар ягон ҷо тасдиқ нашуд, ки ҳамлагарон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд”.

Сарвар Бахтӣ афзуд, ҳоло нисбат ба 20 муҳоҷири меҳнатӣ парвандаи маъмурӣ боз шуда, 8 нафари онҳо дар майдаавбошӣ гунаҳкор мешаванд. Ӯ гуфт, миёни боздоштшудаҳо 3 нафар ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд ва ба хотири вайрон кардани қонунҳои буду бош шояд депорт шаванд: “Дар пайи муноқиша 21 тоҷик ба беморхона интиқол шуда, 11 тани онҳо ҷавоб шуданд. Вазъи саломатии 3 нафари онҳо вахим аст”.

Ҳамдардии Э.Раҳмон ба наздикони кушташудаҳо дар  Хованское (АКСУ ВИДЕО)

Ҳамдардии Э.Раҳмон ба наздикони кушташудаҳо дар  Хованское (АКСУ ВИДЕО)

Ҳамдардии Э.Раҳмон ба наздикони кушташудаҳо дар  Хованское (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
Махмудчон
Худованд ба хурмати омад ома
д мохи мубораки Рамазон рухи ин бародаронро шод гардонад.Омин.ва ба ахли хонаводашон сабри чамил ато намояд .Омин

Асалому алаикум хамватанон. Ба гуфтаи шохидон халокшуда шахрвандони Точикистон аз 17 тан зизд аст.

nabi farhor
Салом.Дуо мекунам, ки Худованд ин мухочирони точики моро дар панохаш нигох дорад.Ин се нафаре,ки барои ризку рузиашон дар мухочират халок шуданд,чояшон чаннат гардад.Бовар кунед,зиндаги руз то руз кин шуда истодааст.Нашрияхо Р.Озодагон ва Р.Озодиро мутолиа мекунам, сар то сар хама проблемахо.Худо мадад кунад.

мухочир питер
Дигар халокшудагонро бад аз интихобот мебийоран чи?

Як чиро мехостам фахмам,ки хамин тобутхоро аз Маскав ройгон оварда бошанд е болои сухта намакоб...

Худованд рахматашон кунад.

Т.Эйр
Ширкати хавопаймоии Точик Эйр часадхоро ройгон миерад.

Агар Путин мебуд холо 1 миллиони ба хонаводаи онхо медод. Чи даркор хамдардии Шумо ЧАНОБИ ОЛИ. Аз як тараф фарзандонашонро гум карданд аз тарафи дигар кризис пул надоранд худоихои онхоро ки мекунад. Давлат акалан дасгири мекард ба чои тасали додан.

Каримбой
мухим хамдарди аст, на пул... вакте аз мурдаи назикат пул интизори ин маънои онро дорад, ки ту хео хурсанди ки у мурд

ба ин бародарои ки аз чониби ин харомзодахо ин хуксифатон ки кушта шудан Худованд рахмату махфират дохили чанатул фирдавс гардонад ва ба падару модариони ки ин чигарбандонро дар ин сину сол аз даст додан сабри чамн хохонам

Мухочир
Давоат бояд ба хонаводахои онхо кумак кунад на ин ки хамдарди баён кунад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)