Сешанбе, 8 Апрел 2025
Ҳабси 12 русу чечен барои ҳамлаи хунин ба тоҷикон дар Хованское

Додгоҳи ноҳияи Пресненскийи Маскав имрӯз, 17 май боз се муттаҳами дигар дар ҳамлаи хунин ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қабристони Хованскоеро ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти додгоҳ аз ҷумла Александр Мережко, Артуре Хаҷиханов ва Элихан Яҳёев то 14 июл дар ҳабси пешакӣ қарор хоҳанд дошт. Манбаъ теъдоди муттаҳамони ҳабсшударо дар маҷмуъ 12 нафар арзёбӣ кард.
Як рӯз пеш додгоҳи ноҳияи Пресненскийи Маскав 9 нафарро бо иттиҳоми занозанӣ ва куштор дар Хованское ба ҳабси пешакӣ гирифта буд. Миёни муттаҳамони ҳабсшуда Никита Мошенко, корманди пулиси Маскав мебошад, ки баъди қазия аз кор ронда шудааст. Мошенко, ки устоди варзиш дар риштаи дзюдо муаррифӣ мешавад, бо ҷурми авбошӣ дастгир шудааст. Инчунин додгоҳ аз ҳабси пешакии ҳуқуқшиноси ширкати “Техэнергосервис” Александр Бочарников, сокини бекори 32-солаи Маскав Вячеслав Серов, бародарон-Маирбеку Элбек Вадуевҳо, Зелимхон Хамзатхонов, Борис Рудаков, Сергей Козлов ва Владимир Колесников хабар додааст. Додгоҳ ҳабси пешакии Юрий Чубаев, мудири пешини қабристони Хованскоеро то 18 май мутаваққиф гузоштааст. Чубаев, ки узви шӯрои Кумитаи тафтишотии Русия аст, гуфтааст талош намуд, то пулисро аз ин қазия огоҳ намояд. Муҳлати боздошти Лечий Яҳёев, ки зодаи Чеченистон мебошад то 72 соат -19 май тамдид шудааст, вале қарори ҳабси пешакияш ҳанӯз набаромадааст.
Мақомоти тафтишоти Русия мегӯянд, афроди зикршуда вобаста ба нақшашон дар занозании Хованское дар куштори зиёда аз ду нафар, авбошӣ, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва ғайра айбдор мешаванд.
Аммо дар сархати даҳҳо расонаи федералии Русия имрӯз 7 тоҷике қарор доранд, ки ҳамчун иштирокдори занозании Хованское муаррифӣ шудаанду барои ҳузури ғайриқонунияшон аз Русия ихроҷ гардидаанд. Расонаҳои Русия дар сархат қарори додгоҳи ноҳияи Шербински шаҳри Маскавро қарор додаанд, ки имрӯз, 17 май барои иштирок дар занозанӣ дар гӯристони Хованское 20 тоҷикро барои 15 рӯзӣ ҳабс ва 7 нафари дигарро ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст.
Тибқи иттилоияи додгоҳ ихроҷшудаҳо қоидаҳои вуруду ҳузур дар Русияро нақз карда, 22 нафари дигар барои майдаавбошию итоат накардан ба намояндаи мақомот 15 рӯзӣ ҳабс шуданд: "Миён маҳкумшудаҳо ба 15 рӯзи ҳабс 2 нафар шаҳрванди Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд".
Муноқишаи маргбор дар Хованское 14 май дар пайи ҳамлаи муштзӯрҳои Русия, аз ҷумла чечену доғистониҳо ба коргарони тоҷики қабристон рух дод, ки дар натиҷа се тоҷик кушта ва ҳудуди 10 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, дар ин занозанӣ ҳудуди 200 нафар иштирок доштааст. 16 май Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин қазияро баррасӣ намуд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, қазияро зери назари худ гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба ин қазия дахолат карда, ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ дастур додааст, то таҳқиқи онро пайгирӣ кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |