Пулгирии “Полковник” ва Холова барои қабул ба Донишгоҳи тиббӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Холова Тоҷиниссо, як сокини шаҳри Душанберо, ки барои дохил намудани довталаб ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон 14 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст, ба 8 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 16 май ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Холова Тоҷинисо Саъдиевна моҳи июли 2015 бо маслиҳати пешакӣ бо “Ислом” ном шахс, бо тахаллуси «Полковник» ба боварии шаҳрванд Чиниев Ф.Х. даромада, аз ӯ барои дохил намудани шиносаш ба Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон 14 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаанд.
Ба иттилои додгоҳ дар мурофиа Холова гуноҳашро эътироф карда, изҳор доштааст, ки воқеан аз Чиниев 14 ҳазор доллар гирифта, 7 ҳазор долларро барои пардохти қарзи бонкияш сарф карда, нисфи дигарро ба шиносаш “Ислом” бо тахаллуси “полковник” додааст. Манбаъ афзуд, Холова изҳор доштааст, ки бо “Полковник” соли 2013 дар тарабхона шинос шудааст. Маҳкумшуда ваъда додааст, ки талош мекунад, дар рӯзҳои наздиктарин зарари расондаашро ба Чиниев ҷуброн кунад.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар пайи баррасии қазия Холова Тоҷиниссоро бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, -қаллобӣ гунаҳкор дониста, дар баробари 8 соли зиндон, ӯро барои 3 сол аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ маҳрум кардааст.
Аммо дар иттилоияи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ҷазои “Полковник”, ки тибқи шоҳидии Холова яке аз дастандаркорони ҷиноят будаасту нисфи маблағро гирифтааст, чизе гуфта нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |