Русия: Духтари 13-сола аз Тоҷикистон худро овехтааст
Раёсати тафтишотии вилояти Тула аз худкушии як духтари 13-сола, шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Светлана Харламова, намояндаи ин раёсат ҷасади ин духтарро аз манзили зисти онҳо дар шаҳраки Центральныйи ноҳияи Суворов пайдо кардаанд: “Тафтишот фарзияҳои мухталифи ин қазияро баррасӣ мекунад”.
Хонум Харламова гуфтааст, тафтишоти муқаддамотӣ муайян карда, ки вақтҳои охир наздикони духтарак ӯро дар дуздии баъзе чизҳо гумонбар медонистаанд.
Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳои Тула навиштаанд, модари ин духтар дар Маскав кор мекардааст, падараш бошад, дар Тоҷикистон. Чанд вақт пештар аз ин ҳодиса ӯ ба падараш телефонӣ суҳбат намуда, гуфтааст мехоҳад ба назди вай равад.
Дар робита ба ин ҳодиса Раёсати тафтишотӣ бар пояи моддаи 110-и Кодекси ҷиноии Русия (расондан ба худкушӣ) парванда боз кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |