Муаррифии Э.Раҳмон ҳамчун таърихшиноси хуб ва ҳомии Ислом дар Кувайт (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 16 май дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Кувайт ҷилди чоруми китоби худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” бо забони арабиро муаррифӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ин китоби пурарзиши таърихӣ бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт зери назари арабшиноси шинохта Нарзулло Назаров ва тарҷумаи арабии Акрам Каримов дар нашрияи Матобеъ ал - Аҳроми Кувайт чоп гардидааст: “Баъди истиқбол, Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи ин муассисаи олии таълимӣ ректори Донишгоҳи Кувайт доктор Ҳусейн Ансорӣ, декани факултаи адабу ҳунар доктор хонум Суод Абдулваҳод ва мудири шӯъбаи таърих доктор Ҳодӣ Носир ал-Аҷмӣ дар бораи пуштибонии чеҳраи барҷастаи сиёсии олам, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз исломи ноб дар созмонҳои бонуфузи сайёра, ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об, тарҷумаи китоби Қуръон ва ба мардум дастрас кардани он ва дигар талошҳо баҳри таҳкими муносибатҳои илмӣ, оид ба аҳамияти таърихии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” баҳри ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани фарҳангу тамаддуни бою қадимаи мардуми тоҷик андешаронӣ намуданд. Баромадкунандагон дар бораи шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои ӯ дар рушан кардани таърихи тоҷикон сухан карда, Сарвари давлати Тоҷикистонро ҳамчун таърихшинос ва муаррихи маъруф муаррифӣ намуданд”.
Манбаъ афзуд, ки ба ҳозирин филми кутоҳи мустанад оид фарҳанги оламшумули тоҷикон, оинҳои неки наврӯзи ҷаҳонӣ ва ташаббусҳои Тоҷикистон барои ҷаҳонишавии ин ҷашни ниёгон намоиш дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди ҳозирин изҳор доштааст, ки “нашри нави ин китоб ба забони арабӣ дар кишвари шумо нишонаи эҳтиром ва эътирофи миллатест, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башариву исломӣ саҳми шоиста гузоштааст.”
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки роҳбарияти донишгоҳ ба хотири қадршиносӣ аз саҳми арзандаи Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳамкориҳои илмӣ ба ӯ рамзи Донишгоҳи Кувайт ва албоми аксу мусаввараҳои нашри Кувайт ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |