Бахшҳо
16 май 2016 11:42Тоҷикистон / Акс / Тема дня

АКС: Темурмалик ба ҷойи таҳкурсии Сомонӣ

Дар яке аз мавзеъҳои баландтарини маркази маъмурии вилояти Суғд -- шаҳри Хуҷанд, ба ҷойи таҳкурсии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ маҷмааи меъморию таърихии қаҳрамони халқи тоҷик -- Темурмалик насб мешавад.

Шоми ҷумъаи 13 майи соли равон кормандони ниҳоди дахлдор барои тахриби таҳкурсии ҳайкали асосгузори давлати Сомониён -- Исмоили Сомонӣ оғоз карданд. Ба иттилои ҳукумати вилояти Суғд, ин таҳкурсӣ ба пуррагӣ гирифта шуда, ҷойи он маҷмааи меъморию таърихии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик қомат хоҳад афрохт: “Бо иқдоми раҳбарияти вилоят дар миёни маҳаллаҳои 19-уму 20-ум ва 17-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд маҷмааи меъморию таърихии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бунёд мешавад, ки он аз пайкараи Темурмалик бо киштӣ, дарёчаи рамзӣ, чеҳраҳои ҳамсафони муборизи ў ва дигар бахшҳои фарҳангию фароғатӣ мураттаб мегардад. Иқдоми мазкур пеш аз ҳама барои донишҷӯёне, ки дар макотиби олии ин мавзеъ таҳсил мекунанд, таъсиргузор мешавад ва онҳоро дар руҳияи худшиносию ватанпарварӣ ва дӯст доштани арзишҳои таърихии миллӣ тарбият хоҳад кард”.

Манбаъ афзуд, маросими ифтитоҳи расмии ин муҷассама дар ҷашни 25-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назар гирифта шудааст.

Тахриби таҳкурсии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар ҳолест, ки чанд сол қабл аз шаҳри Хуҷанд Сомониро бо аспаш ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯчонида буданд.


АКС: Темурмалик ба ҷойи таҳкурсии Сомонӣ

АКС: Темурмалик ба ҷойи таҳкурсии Сомонӣ

АКС: Темурмалик ба ҷойи таҳкурсии Сомонӣ

АКС: Темурмалик ба ҷойи таҳкурсии Сомонӣ

АКС: Темурмалик ба ҷойи таҳкурсии Сомонӣ
Мӯҳр
б
Темурмалик аз туркхои карахони буд.

"Темурмалик ба ҷойи таҳкурсии Сомонӣ"
"Шоми ҷумъаи 13 майи соли равон кормандони ниҳоди дахлдор барои тахриби таҳкурсии асосгузори давлати Сомониён -- Исмоили Сомонӣ оғоз карданд".

Магар Исмоили Сомони тахкурси дорад? Ба забони навиштахоятон бештар тавач.ч.ух, кунед!

О буродаро, он ҷо маҷмааи Темурмалик не, муҷассамаи 25 солагии истиқлолият мешудаст ку Як Озодиро ҳам хонед, дар кабинетатон бахузр нишатса ҳар чи ба саратон омад, навиштан нагиред дия. Фантазия ҳам ба эбаш - да

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)