Раъду барқ ду тоҷикро кушт: Марги пеши дару назди тиреза...
Раъду барқ ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон дастикам ду нафарро куштааст.
Акбар Шарифов, сухангӯи Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба “Озодагон” иттилоъ дод, 14 май як омӯзгори 44-сола, сокини ноҳияи Деваштич аз зарби раъду барқ ба ҳалокат расидаст: “Ҳодиса шом, ҳангоме ки марҳум аз хона берун мебарояд, рух додааст”.
Аз ин пештар, 9 май як марди 32-сола, сокини ноҳияи Восеъ аз зарби раъду барқ ҷон додаст: “Марҳум бо хоҳиши кӯдаконаш хостааст, магнитофонро дар назди тирезаи кушода таъмир кунад, ки ҳадафи зарбаи раъду барқ қарор гирифтааст”.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 15 то 18 май дар кишвар боришоти зиёд, шамолҳои сахт, баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо, бориши жола ва раъду барқ дар назар аст, ки метавонанд боиси канда шудани хатҳои неруи барқ, хароб гардидани боми хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти иҷтимоӣ, фаромадани ярч, сангрезиҳо ва афтидани дарахтон гарданд. Ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми анҷом додани корҳои хоҷагидорӣ ва чаронидани чорво ҳушёр бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |