Баъд аз сел. Гузориши аксии “Озодагон” аз ноҳияи Рӯдакӣ (+ВИДЕО)
Сокинони ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки сели шаби 12 ба 13 май онҳоро аз тамоми ҷиҳози хона маҳрум кард, мегӯянд, рӯ ба раҳми Худо нишастаанд.
Юсуф Тоҷибоев, бошандаи 70-солаи рустои Комсомоли ноҳияи Рӯдакӣ дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, сел ҳар чизе, ки дар манзилаш дошт, бо шумули орду биринҷ ва телевизору дигар ҷиҳози хона ба ком кашид: “Соати 2-и шаб одамон аз омадани сел хабардор карданду ҳамроҳи 3 келин ва набераҳо хонаро тарк кардем”.
Шукрона Фозиловаи 51-сола, сокини дигари ин деҳа низ гуфт, хонаҳояшон дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, чанд рӯз аст, ки шабро дар берун рӯз мекунанд: “Худам ҳамроҳи шавҳарам дар мошин хоб меравем, фарзандонамонро ба хонаи хоҳарам фиристодем”.
Чанд сокини деҳаи Файзобаи ҷамоати Зайнабобод ба хабарнигори мо гуфтаанд, ба ҷуз як нафар касе ба кумаки онҳо наомадааст: “Дирӯз аз номи муфтӣ ба ҳар кадоми мо як қолинӣ оварда доданд, дигар чизе аз касе надидем. Об ҳоҷатхонаҳоро шӯста овардааст, ҳамаи ҷоро бӯйи ахлот гирифтааст. Аққалан ба мо “хлор” диҳанд, то ин ифлосиро тоза кунем”.
Як сокини дигар бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ба онҳо ҳамчун кумак 2 қуттӣ хокаи либосшӯйӣ додаанд: “Ба ҷойи ҳамин айна беҳтар буд ба мо нон диҳанд. Айнаро хӯрда нашавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |