Рӯзи гузашта дар Кобул ҷонибдорони ин ҷабҳа ҳамойиши ифтитоҳӣ баргузор карда, аз созмон ёфтани ин ҳаракат дарак додаанд. Расонаҳои хабарӣ бо такя ба суханони раҳбарони ин ҷабҳа навиштаанд, ки ин ташкилот хоҳони ваҳдати миллӣ ва як низоми сиёсии муназзам дар Афғонистон аст ва ҳадафи онҳо аз эҷоди ин ҷабҳаи сиёсии васеъ, эҷоди ваҳдат миллӣ, демократия, таҳкими қонун, ислоҳоти бунёдӣ, рушд ва инкишофи ниҳодҳои миллӣ ва ҳузури муассир ва мусбати ҷомеаи байналмилалӣ дар Афғонистон аст. Аҳмад Зиё Масъуд, муовини собиқи президенти Афғонистон, ки рӯзи ҷумъа дар нишасти ифтитоҳии Ҷабҳаи миллии Афғонист дар Кобул сӯҳбат мекард, гуфтааст: «Афғонистон дар ҳоли ҳозир ба он чӣ ниёз дорад, ваҳдати миллӣ аст».
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |