Бахшҳо

Шарҳи сафорат дар мавриди занозании тоҷикон дар қабристони Хованскоеи Маскав (ВИДЕО)

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, задухӯрд дар қабристони Хованское баъди он рух додааст, ки як гуруҳи номаълум аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар онҷо кор мекунанд, “ҳақпулӣ” талаб кардаанд.

Дар пайи ин задухӯрд, ки 14 май ба вуқӯъ пайваст, се шаҳрванди Тоҷикистон кушта, даҳҳо тани дигар захм бардоштаанд. Ҳар се аз кушташудаҳо сокинони шаҳри Роғун ҳастанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, ҳалокшудаҳо Хушаков Суҳроб Таваралиевич соли таваллудаш 1990, Ризоев Иноят Қаноатович соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович соли таваллудаш 1974 мебошанд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, сафорат 14 май дар пайи ин қазия унвони Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт фиристода, дар он пешниҳоди маълумот оид ба ин қазия ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дархост кардааст. Ӯ дар шарҳи қазия гуфт, “дар рафти суҳбат бо намояндагони расмии Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ иттилоъ доданд, ки тақрибан соати 12-и рӯзи 14 май ба ҳудуди гуристон шахсони барои онҳо номаълум ворид гардида, ба онҳо ҳамла карданд. Ин шахсон ҳангоми ҳамла яроқи оташфишонро истифода намуданд. Чи тавре муҳоҷирони меҳнатӣ хабар доданд, ҳамлагарон аз муҳоҷирони меҳнатӣ “ҳақпулӣ” талаб карданд. Тибқи гуфтаҳои онҳо як рӯз пеш аз фоҷеа шахсони номаълум ба назди онҳо омада, додани қисми музди меҳнати муҳиҷиронро талаб намуданд".

Бино ба иттилои расида, дар гуристони Хованскоеи Маскав асосан муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон кор карда, ба гузоштани санги болои қабр, гурканӣ ва ободонии қабрҳо машғуланд. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба манобеаш дар пулиси Маскав хабар медиҳад, ки занозанӣ дар қабристонмиёни намояндаҳои минтақаи Қафқози Русия ва муҳоҷирони тоҷик рух додааст. Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар додааст, дар пушти ин қазия ду гуруҳи зодагони Тоҷикистон истодаанд: "Ба гуфтаи дастикам ду манбаи огоҳ аз ҷараёни ҳодисот, як гуруҳи ҷавонони тоҷики варзишгар, ки дар як толори гуштии шаҳри Маскав машқ мекарданд, то занозании дирӯза чанд бор ба қабристони Хованское омада, аз мардикорони тоҷик “ҳақ” талаб кардаанд".

ВИДЕОИ ЗАНОЗАНӢ



Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон, Абдуғаффор Азизов, роҳбари намояндагии ВКД дар ФР ва Зоҳир Мирзозода, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо мақсади муайян кардани ҷузъиёти воқеа ба ҷойи ҳодиса рафтанд: “Оид ба қазияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва тафтишот ҷараён дорад. Зиёда аз 90 иштирокдорони занонзанӣ, аз ҷумла гумонбарони куштор дастгир шудаанд. Зиёда аз 20 нафар иштирокдорони ин занозанӣ бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик ба макони ҳодиса расонида шуданд”.

Ба иттилои манбаъ, бо дастури сафири Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони сафорат, Хадамоти консулӣ, намояндагии ВКД дар Русия ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуруҳи муштарак барои муайян кардани теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки маҷруҳ шудаанд, таъсис шудааст: “Чи тавре маълум гардид дар беморхонаи клиникии шаҳрии № 31 се шаҳрванди Тоҷикистон бистарӣ шуданд. Баъд аз гирифтани кумаки тиббии авалия 2 шаҳрванди Тоҷикистон ҷавоб дода шуд ва севвумин Ғафуров Караматулло ҷароҳатро пушти сар карда, дар шуъбаи реаниматсия қарор дорад. Табибон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ менамоянд. Ба беморхонаи клиникии № 71 се шаҳрванд расонида шуд, ки ҳамаи онҳо баъд аз ҷароҳат дар шуъбаи реаниматсия қарор доранд. Айни замон аз ҳисоби умумии захмбардоштагон, ки дар бемористонҳои Москва бистарӣ шудаанд, 9 шаҳрванди Тоҷикистон муайян шудааст. Шахсияти дигар маҷруҳон муайян шуда истодааст”.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар робита ба ин қазия бо ҳамтои русаш -- Колоколтсев В.А. суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Ба иттилои торнамои ВУД, дар ин суҳбат масоили ҳамкорӣ дар ҷараёни тафтишоти парвандаи қазия баррасӣ шудааст: “Барои ҳаматарафа, пурра ва воқеъбинона бурдани корҳои оперативӣ-тафтишотӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия генерал-майори милитсия Азизов А.К. ва Хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев В.А. ба гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Москва шомил карда шуданд”.
Мӯҳр
али
Дуруг ин дар толорхои баланд Русия лоихакаши шудааст максад бо точикистону узбакистон чори кардани виза аст,пас чаро худи хамон руз аз воридкунии виза бо ин кишвархо ёдовари карданд?чаро бо узбакистон хол он ки ончо шахрвандони узбакистон набуданд,ин як авантюраи макомоти руссия аст ки дипломатои мо намефахманд ва агар фахманд хам худро нодони мезананд,як далели дигар он аст ки чаро кавказихо то ин дам бо точикон бо ин сурат даргири намекарданд?ва чаро онхо бо ярок омаданд,?ва чаро пулис ягон кавкозиро дастгир накард?чавобро хонондаи фахим худ медонад агар озодагон ба чоп биёрад.

мехмон
Тамоми коркунони сафорат ва консулгари аз сиёсати имрузаи Руссия хабар надоранд ва дар фикри пулкоркуни аз хисоби мухочирон хастанд! Як санад 1000 рубл !!! Навбат бехаду канор !!
Вакти он расидааст , ки мо мухочирони худро бо зури Вазорати корхои хоричи ва дохили аз Руссия баргардонему базаи харбии ин давлатро аз марз берун кунем !!!
Бигузор сарбаландона дар чанги толибон мирем!! Мурдани мо дар Руссия бешарафона хаст.
Мизбон моро меронад оё номусу нанги мо кучост???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)