Даргузашти “Мадиш” оҳангсози маъруф, падари Нуриддин Давронов
Аҳмадбек Давронов, оҳангсози маъруфи тоҷик, падари Нуриддин Давронов, сардори дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва шавҳари овозхони маъруф Ширинмоҳ Ниҳолова, имрӯз, 14 май дар синни 56-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Дар ин бора ба “Озодагон” дӯстони Аҳмадбек Давронов хабар дода, афзуданд, ки даргузашти марҳум бохти бузург барои санъати Тоҷикистон мебошад.
Давлат Назрӣ, овозхони шинохтаи Тоҷикистон ва яке аз дӯстони “Мадиш” дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки даргузашти Аҳмадбек Давронов бохт ҳам барои санъати классикӣ ва ҳам санъати эстрадӣ мебошад: “Ман ба Ширинмоҳ Ниҳолова ва наздикони дигари Давронов, ки дӯстии оилавӣ доштем, изҳори ҳамдардӣ мекунам”.
Ҳайати кормандони “Озодагон” низ ба наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ карда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил хоҳонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |