Вазир: Рафтуомад ба ВМКБ имрӯз пурра барқарор мешавад (АКС)
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки феълан дар минтақаи тахрибшудаи роҳи Душанбе-Хоруғ, дар Гулдараи ноҳияи Дарвоз қарор дорад, ба “Озодагон” гуфт, ки рафтуомад ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то шоми имрӯз, 14 май пурра барқарор мешавад.
Ганҷалзода изҳор дошт, ки феълан шароит барои ҳаракати мошинҳои сабукрав тариқи минтақаи тахрибшудаи роҳи Душанбе-Хоруғ фароҳам шудааст Ӯ гуфт, ярч ҳудуди 100 метр роҳро комилан тахриб кардааст: “Феълан аз канори роҳи тахрибшуда роҳи муваққатӣ бунёд шуда истодааст. Роҳсозон кор карда истодаанд ва Худо хоҳад то шоми имрӯз шароит барои ҳаракати мошинҳои боркаш низ фароҳам хоҳад шуд”.
Дар мавриди хисороти воридкардаи сел Ганҷалзода изҳор дошт, ки феълан дақиқ нест: “Мо бояд муайян кунем, ки ин ҷо пул месозем, ё боз роҳи пештараро барқарор мекунем. Ман фикр мекунам, бунёди пул беҳтар хоҳад буд. Баъди анҷоми ин ҳама корҳо маблағи хисорот дақиқ хоҳад шуд”.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон , иттилоъ дода буд, ки шаби 11 ба 12 май дар пайи борони шадид ярч фаромада дар километри 291-уми мавзеи Гулдараи ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз роҳро комилан вайрон кардааст. Паҳноии роҳи тахрибшуда 12 метр ва чуқурияш 20 метр арзёбӣ шуда буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ субҳи имрӯз, 14 май бо раисони навоҳии зарардида суҳбати телефонӣ карда, дастур дод, ки барои ҳаракати бемонеаи нақлиёт дар роҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ чораандешӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |