Бахшҳо

Зарари 2700 хона ва ҳушдори Кумита: Хатари офатҳо ҳанӯз боқист

Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, имрӯз, 14 май бо баргузории як нишасти хабарӣ вазъ дар кишварро мураккаб унвон карда, афзуд, ки хатари сар задани офатҳои табиӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар боқӣ мондааст.

Салимзода изҳор дошт, ки дар маҳаллаҳои нисбатан хатарзо дидбонгоҳҳо ва навбатдории шабонарӯзиро роҳандозӣ кардаанд, то мардумро аз ҳолатҳои селу обхезӣ огоҳ кунанд.

Тибқи иттилои Кумита аз 15 то 18 май боришоти зиёд, шамолҳои сахт, баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо, бориши жола ва раъду барқ дар назар аст, ки метавонанд боиси канда шудани хатҳои неруи барқ, хароб гардидани боми хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти иҷтимоӣ, фаромадани ярч, сангрезиҳо ва афтидани дарахтон гарданд. Ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми анҷом додани корҳои хоҷагидорӣ ва чаронидани чорво ҳушёр бошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси иттилои аввалия то ҳол дар ноҳияи Панҷакент ба 147 хона об даромада, 6 хона пурра 4 хона қисман хароб шудаанд: “Дар ноҳияи Айнӣ ва Панҷакент се нафар ба ҳалокат расида, 7 трансформатор, 27 километр роҳи автомобилгард, 603 гектар замини кишт, 1 86 сар чорво нобуд шудаанд”.

Манбаъ афзуд, дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳудуди 2,5 ҳазор хона зери об мондаанд, ки аз ин 6 хона пурра ва 300 хона қисман хароб шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон илова намуд, ки аҳолиро ба ҷои бехавф кӯчонда, бо се вақт ғизои гарм таъмин карда истодаанд. Ин ниҳод афзуд, ки барои кӯмак ба зарардидагон ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)