Э.Раҳмон қонунҳои марбут ба Рӯзи Президент, ҷазои долларҷаллобон ва ҳабсҳои ғайриқонуниро имзо кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 14 май қонунҳо дар бораи ворид намудани тагйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», "Дар бораи рӯзҳои ид", Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятиро имзо намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мувофиқи иловае, ки ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" ворид карда шудааст, 16 ноябр ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва саҳми беназири Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушду нумӯи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа қабул гардидааст.
Ба иттилои манбаъ тағйиру иловаҳое, ки ба Қонун "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ворид карда шудаанд, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии истифодаи усулҳои ғайриқонунӣ ҳангоми дастгиркунӣ ва пурсиши гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, аз ҷумла истифодаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, инчунин роҳ надодан ба дигар маҳдудкуниҳо ва таъмини қонуният дар ин самт равона карда шудаанд: “Мувофиқи тағйирот ба қонун "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ", мӯҳлати амали ваколати адвокатҳое, ки то қабули Қонуни мазкур ин мақомро соҳиб шудаанд, то 27 июни соли 2016 тамдид карда шудааст. Ин шахсон метавонанд дар ин муддат ба фаъолияти адвокатӣ машғул гардида, ҳамзамон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни амалкунанда ба мақоми адвокатӣ соҳиб шаванд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси мурофиавии гражданӣ ворид карда шудаанд, тартиби бистарикунонии маҷбурии шахсони мубталои бемории силро дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил ва таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил муайян менамояд: “Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, ҷавобгариро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ пурзӯр намуда, барои пешгирии беқурбшавии пули миллӣ ва таҳкими низоми бонкӣ равона карда шудааст”.
Манбаъ афзуд, матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |