Ваъдаи Сафорат барои кӯмак ба тоҷики раҳошуда аз ғуломӣ
Сафорати Тоҷикистон дар Русия иддаои бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи башари шаҳри Мурманск, ки мақомдорони тоҷикро дар беаҳамиятӣ нисбати шаҳрванд Маҳмадов Аҳмад Ҳилолович муттаҳам мекунанд, беасос хонд.
Бар асоси иттилои нашркардаи ҳомиёни ҳуқуқи башари шаҳри Мурманск Маҳмадов Аҳмад Ҳилолович, муҳоҷири тоҷик баъди раҳоияш аз ғуломӣ чанд моҳ боз дар беморхонаи шаҳрӣ қарор дорад: “Ин муҳоҷири тоҷик, ки ягон ҳуҷҷат надорад, изҳор доштааст, ки ятим аст ва ӯро ба фарзандхонӣ гирифтаанд. Ӯ гуфтааст, падархондаш Ҳилол Набиев ва модархондаш Наргиза Набиева мебошанд, ки дар шаҳри Конибодом, хиёбони Зеленая, хонаи 26 зиндагӣ мекунанд”.
Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ Маҳмадов бемор мебошад ва барои бозгашт ба Ватан ба шаҳодатномаи бозгашт ниёз дорад: “Аммо консулгарии Тоҷикистон чанд моҳ боз ба дархости ҳомиёни ҳуқуқ посух надодааст”.
Ҳомиёни ҳуқуқ афзудаанд, ки омодаанд роҳкирои Маҳмадовро то Санкт Петербург ё Маскав пардохт кунанду ӯро ҳамроҳӣ намоянд. Ба иттилои онҳо, нафаре, ки муҳоҷири тоҷикро дар ғуломӣ нигоҳ доштааст, феълан дар ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад.
Дар шарҳи ин қазия Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Озодагон” гуфт, аз номи шаҳрванд Маҳмадов Аҳмад Ҳилолович ба Хадамоти консулии Тоҷикистон ягон муроҷиат ворид нагардидааст: “Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон барои муайян кардани масъалаи мазкур бо сардори Боздоштгоҳи нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии шаҳри Мурманск дар тамос шуда, муайян кардааст, ки дар махзани иттилоотии ин мақомот шаҳрванди Тоҷикистон бо чунин ному насаб ба қайд гирифта нашудааст”.
Сафорат таъкид намуд, ки Хадамоти консулӣ омодааст, дар сурати муроҷиати Маҳмадов дар зудтарин фурсат барояш шаҳодатномаи бозгашт ба ватанро таҳия намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |