ВМКБ дар муҳосираи селу ярч: Шарҳи Вазорати нақлиёт

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, дар километри 291-уми мавзеи Гулдараи ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз дар масофаи 20 метр роҳ комилан вайрон шудаст.
Тибқи иттилои ин ниҳод роҳ шаби 11 ба 12 май дар пайи борони шадид ва ярч хароб гардида, паҳнои роҳи тахрибшуда 12 метр ва чуқурияш 20 метр мебошад. Манбаъ афзуд, феълан дақиқ нест, ки роҳ кай барқарор мешавад, зеро кори зиёдро тақозо мекунад.
Вазорати нақлиёт афзуд, ки роҳ тариқи ноҳияи Сангвор ( собиқ Тавилдара) ва ағбаи Хобуробод низ ба ВМКБ баста мебошад.
Ба иттилои манбаъ роҳсозон аз ду тараф ба барқарор кардани роҳ машғуланд, вале боришот ҳанӯз ҳам ба кори муътадили онҳо халал мерасонад.
Дар ҳамин ҳол Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ВМКБ аз тамоми ронандаҳои мошинҳои мусофирбар хоҳиш кардааст, ки аз сафар дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ худдорӣ кунанд. Тибқи иттилои мақомоти Бадахшон инчунин дар деҳаи Зинги ҷамоати деҳоти Қалъаи Хум се манзили зист пурра хароб гардида, 98 сар ҳайвони калони шохдору майда ва 6 мошини сабукрав зери сел мондаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |