Дар “Ҷаҳони андеша” дурнамои ҳаракатҳои исломии Осиёи Марказӣ баҳс мешавад
“Дурнамои ҳаракатҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ” мавзӯи баҳси маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” хоҳад буд.
Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, гузоришгари аслии ин маҳфил, ки соати 14:00-и 17 май баргузор мешавад, профессор Раҳимбек Бобохонов мебошад. Бобохонов ходими калони илмии Маркази таҳқиқоти тамаддунӣ ва минтақавии Институти Африқои Академияи илмҳои Федератсияи Русия ва мушовири пешбари илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия мебошад.
Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳафтае як маротиба дар толори Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |