Э.Раҳмон оқибати офатҳои табииро бо Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 13 май дар мулоқот бо хонум Аннет Диксон, ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ масъалаи бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар Тоҷикистонро ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот имконоти бузурги молиявию техникии Бонки ҷаҳонӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеҳои хавфноки кишвари мо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо зикр кардаанд, ки Бонки ҷаҳонӣ тӯли 23 соли шарикӣ ба Тоҷикистон зиёда аз як миллиард доллар қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намуда ҳоло лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда 350 миллион доллар дар бахшҳои кишоварзӣ, нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обтаъминкунӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳолати иҷроиш қарор доранд.
Эмомалӣ Раҳмон дар шароити таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳар як лоиҳаи якҷоя бо Бонкро барои беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардум муҳим ва саривақтӣ хондааст. Акс аз фейсбук
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |