Савганди Бадриддинова ба ҳайси нахустин омбудсмени кӯдаки Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои таъини Раҷабмоҳ Бадриддинова ба мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро пуштибонӣ кард.
Бадриддинова, ки то ҳол сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Омбудсмени Тоҷикистон буд, имрӯз, 13-уми май дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ба ҳайси ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак савганд ёд кард. Дафтари ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак сохтори нав дар Тоҷикистон мебошад, ки таъсиси онро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта пешниҳод кард. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҳайси муовини ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.
Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қаблан шарҳ дода буд, ки “мо таҷрибаи дигар кишварҳоро омӯхтем ва гуруҳи корӣ ба ин хулоса омад, ки Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак бо Омбудсмен якҷоя мешавад. Дар шакли муовини ваколатдор- ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак. Аз нигоҳи ташкилӣ муовин аст, аммо ҳамчун ваколатдори ҳуқуқи кӯдак бо тамоми салоҳиятҳои хоси як омбудсмен амал мекунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |