Кумак ба зарардидаҳои сел дар Панҷакент
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, ба аҳолии аз сел зарардидаи Панҷакент 10 номгӯ кумаки аввалиндараҷа расонидааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ҳоло ба 12 хочагӣ, ки ҳудуди 90 нафарро ташкил медиҳад, либосу палатка ва дигар анвои зарурӣ тақсим шудааст: “Аз тарафи Кумита корҳои бартарафсозӣ идома дорад”.
Муҳаммадсодир Сафаров, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент низ бо тасдиқи ин хабар гуфт, кумакҳои ҳукумати маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ба зарардидагони сел расида истодааст: “Аз рӯзҳои аввали омадани сел ба аҳолии деҳаҳои Зебон, Куктош, Шӯрча маҳаллаҳои шаҳр ва дигар деҳаҳои аз сел зарардида кумаки авалиндараҷа орд, равған, биринҷ ва дигар маҳсулоти хурока расонида шуд”.
Дар пайи боронҳои шадиди рӯзҳои ахир, ки селро дар пай дошт, дар ноҳияи Панҷакент даҳо манзили сокинон қисман ва пурра хароб гардидадааст. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, ҳоло ҳаҷми зарари аз ин офати табиӣ расида, муайян нагардида аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |