Мулоқоти генерал бо имомхатибон: Аз ваъдаи афв то интиқод аз бетарафии уламо
Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд имомхатибони шимоли кишварро ба муборизаи дастаҷамъона бо ифротгароии ҷавонон даъват кард.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ Назарзода 12 май дар мулоқот бо имомхатибони Суғд изҳор доштааст, ки "дар кишвар ҳарчанд барои ибодату намозгузорӣ, гирифтани таълимоти динӣ монеае мавҷуд несту шароит фароҳам аст, вале мутаассифона гумроҳшавии сокинони минтақа то ҳанӯз дида мешавад".
Ӯ таъкид кардааст, ки “шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ифротии тундгаро ва пуршавии зеҳни ин тоифаи ҷавонон аз ақидаҳои гумроҳонаи бегона ба камфаъолиятиву бетарафии фаъолони ҷомеаву маҳалла ва баъзе аз уламои дин вобастагӣ дорад”. Генерали милиса афзудааст, зуҳуроти даҳшатноки терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба Исломи асил ва пок иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мегардад: “Рақамҳои оморие, ки мақомоти корҳои дохилӣ ошкор намудааст баёнгари он аст, ки таъсири ҳамин омил дар ҳудуди вилояти Суғд низ дида мешавад”.
Шариф Назарзода барои пешгирии ифротгароии ҷавонон фаъолияти дастаҷамъонаро зарур хондааст. Ӯ инчунин ба имомхатибон меъёри қонунгузории Тоҷикистонро хотиррасон кардааст, ки бар асоси он шахсоне, ки ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, гуноҳашонро иқрор мекунанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мақсад аз баргузории мулоқотро ҷалби қувваю имкониятҳои уламои дин барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистӣ арзёбӣ кард. Ба иттилои манбаъ уламои дин ва имомхатибон аз нафаронеанд, ки мардум ҳамчун роҳбалад ба онҳо пайравӣ намуда эътиқоди динии худро ба ҷо меоранд.
Дар ин мулоқот инчунин Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои дини вилоят суханронӣ карда, реша давонидани ақидаву андешаҳои ифротиву хурофотиро ба арзишҳои фарҳанги миллӣ хатар хондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |