Сайф САФАР
Такя задани Содиқ Хон, як мусалмони покистонитабор бар курсии шаҳрдории Ландан ва суханронии Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар маросими 71-умин солгарди ғалаба бар Олмони нозӣ ду рухдоди муҳими ҳафтаи ахир буданд, ки қишри қобили андешаи Тоҷикистон рӯи онҳо ҳисоб кард.
Мушоҳида мешавад дар Тоҷикистон афроде ҳам дорем, ки ба демукросии ҷаҳони Ғарб бо диди тардид нигоҳ мекунанд. Назарашон ин аст, ки унҷо ҳам аз мардумсолорие, ки бар мо дарс медиҳанд, нест. Бар ин боваранд, ки дар он сарзаминҳо пушти парда гуруҳҳое фаъоланд ва афроди писандидаи худро ҷойу беҷо мегуморанд. Пушти Содиқ Хон кӣ буд? Ҳатто, падараш, ронандаи утубус ҳам дар қайди ҳаёт нест! Хуб, агар гӯем сарвату дороӣ ӯро ба инҷо кашонд, боз ҳам хато мекунем, чун ин имконро ҳам рақибаш Зак Голдсмит, фарзанди миллионери яҳудитабор дошт.
Аз ин ҷо, Содиқ Хон бо нишастан бар маснади шаҳрдории Ландан зеҳнияти он афроди машкукро то андозаи қобили таваҷҷуҳ тағйир дод. Яқин ҳосил карданд, ки заковат, фарҳехтагӣ ҳамроҳ бо талош дар як ҷомеаи мутаккӣ бар шоистасолорӣ тавони инро дорад, ки як “бегона”-ро дохили долонҳои “худӣ” кунад. Аммо Содиқ Хон мисли ҳар сиёсатмадори дигар шоистагии худро канор гузошту аз фурӯтании сиёсӣ кор гирифт ва шаҳрдор шудани худро мадюни ланданиҳо донист. Ӯ дар суханроние баъди эълони баранда шудани худ гуфт: “Ман аз фард фарди аҳли Ландан ташаккур мекунам, ки ғайримумкинро имконпазир карданд”.
Инҷо ба Бишкек мерасем, ки Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон саранҷом кирдори хасмона ва муносибати нописанди ба истилоҳи худаш “фашистони муосир”-ро бар рухи Русияи бародар кашид. Ӯ дар суханронии рӯзи 9 май гуфтааст: “Солҳои ҷанг ҳазорон гуреза аз Русия дар хонаи қирғизҳо хун ва ғизо ёфтанд. Оилаҳои оддӣ бурдаи охирини нони худро бо онҳо қисмат мекарданд. Ман мехостам инро ба шаҳрвандони Русияи бародар ёдрас кунам. Ҷое ки мутаассифона, фашистҳои муоссир-тоссарҳо сар боло кардаанд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳазорон қирғиз ниёзманди кор дар Русия шуданд. Онҳо талаби инро надоранд, ки муфт бихӯранду соҳиби хона шаванд. Онҳо барои кор эҳтиёҷ доранд ва аз ин тариқ дар иқтисоди Русия саҳмгузоранд. Ва онҳо ҳақ доранд, ки аз ҷониби шаҳрвандони Русия каме эҳтиром шаванд. Муносибате монанд ба он ки қирғизҳо дар замони мушкили ҷанг ба гурезаҳо аз Русия доштанд”.
Алмосбек Отамбоев бар хилофи нухбагони сиёсии кишварҳои дигари Осиёи Миёна дуруст дарк кардааст, ки шаҳрвандонаш бори дӯши Русия нестанд, балки ин Русия аст ки бештарин ниёзро ба онҳо дорад. Манзур ҳамон нерӯи кории арзон аст. Аммо инҷо саволе халқ мешавад, ки чӣ чизе ба Алмосбек ин ҷуръатро медиҳад, ки бародари бузург, аммо номеҳрубонро мухотаби худаш қарор бидиҳад? Ба назари ман нахустин чиз вобастагии камтари Алмосбек Шаршенович аст, ки чунин ҷуръатро пеш овардааст. Ӯ пеш аз он ки аз Кремлин вобаста бошад аз мардуми худ вобаста аст. Аз курсӣ дур шудани ду раисиҷумҳури қаблӣ ёдаш нарафтааст. Афзун бар ин, Алмосбек дағдағаи ба муддати тӯлонӣ нишастан дар курсии раёсати ҷумҳуриро надорад, ки ба ҳимояти Русия биандешад. Ӯ дар нишасти хабарии солонааш дар мавриди ояндаи сиёсии худ гуфта буд: “Ман дигар намехоҳам нахуствазир ва раисиҷумҳур бошам. Ин дигар ба ман лозим нест. Тӯли ду соли дигар талош мекунам, вале мо бояд ба суди кишварамон кор кунем”.