
Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз журналистони Тоҷикистон, ки феълан дар Хоруғ қарор доранд, хоҳиш кардааст, ки зимни инъикоси мавзӯҳои марбут ба ин вилоят эҳтиёткор бошанд.
Шодихон Ҷамшед, имрӯз, 12 май зимни конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши ВАО дар ба даст овардани Ваҳдати Милллӣ”, ки бо ҳузури даҳҳо журналист аз нуқоти гуногуни Тоҷикистон дар Хоруғ ҷараён дорад, гуфт: “Аз рӯзноманигорон эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки дар масоили марбут ба Бадахшон эҳтиёткорона рафтор кунанд”.
Ӯ дар хитоб ба журналистҳо афзуд, баъзе вақтҳо элементҳои эҳсосӣ боло мегиранд ва он воқеияте, ки ҳаст рӯи коғаз намеорем.
Раиси ВМКБ давом дод, ки мардум имрӯз муштоқи рӯзномаҳоянд, вале ба далели молӣ - иқтисодӣ дар ин масъала маҳдудиятҳо доранд, ки барои ҳаллашон вақт лозим аст.
Ӯ гуфт, ахиран дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хондааст, ки 10 ҳазор сайти интернетӣ ба мағзшӯӣ сарукор доранд: “Мо бояд муқобили тарғиботи ин сайтҳо чора андешем”. Шодихон Ҷамшед таъкид кард, ки нақши ВАО дар таҳким ва ҳифзи Ваҳдати Миллӣ хеле бузург аст. “Озодагон” тафсилоти бештар аз ҷараёни конфронси ҷумҳуриявӣ бо ҳузури беш аз 60 журналист дар Хоруғро баъдан нашр хоҳад кард.
Мӯҳр