Иркутск: Дар 4 моҳ наздики 150 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудааст
Шурӯъ аз моҳи январи соли равон 145 табааи Тоҷикистон дар вилояти Иркутск шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати хадамоти федеролии муҳоҷират дар Иркутск хабар додааст.
Манбаъ мегӯяд, тоҷикистониҳо баъд аз шаҳрвандони Украина дар гирифтани шиносномаи русӣ дар мақоми дувум қарор доранд. Дар чор моҳи имсол 582 укроинӣ шаҳрвандии Русияро гирифтааст. 77 нафар аз Қирғизистон ва 73 кас аз Қазоқистон низ дар ин муддат шаҳрванди Русия шудаанд: “Теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки дар вилояти Иркутск шаҳрвандии Русияро дарёфт карданд, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 43,8 дарсад бештар мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |