Чӯҷа ба ҷойи маош ба омӯзгорони мактаб
Омӯзгорони мактабҳои миёна дар ноҳияи Нукусси ҷумҳурии Қароқалпоқистони Узбакистон ба ҷойи маош ҷӯҷа мегиранд. Дар ин бора бахши узбакии “Радиои Озодӣ” бо такя ба манобеи худ хабар додааст.
Як омӯзгор ба ин расона гуфтааст, ҷӯҷаро ду баробар гаронтар аз нархи худаш ба онҳо медиҳанд: “Агар дар бозор як ҷӯҷа 3 ҳазор сум (муодили 46 сент) бошад, барои мо бо нархи 7 ҳазор, бештар аз 1 доллар медиҳанд”.
Бархе аз дигар муаллимон гуфтаанд, соли гузашта ба ҷойи маош ба онҳо картошка, сабзӣ ва каду дода буданд: “Агар барои мо ҷӯҷа лозим буд, худмон аз бозор бо нархи арзонтар мехаридем. Ин як шармандагӣ ба ҳукумат аст”.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои расонаҳо, моҳи феврали соли равон Искандар Басидов, раиси идораи “Узбекэнерго” кормандони ширкаташро маҷбур кардааст, ҳар моҳ 3 фурӯзонаки “LED”-и истеҳсоли ҳамин ширкатро бихаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |