Нигаронии Убайдуллоев аз фаъолияти гуруҳи кории шаҳрдорӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз фаъолияти дуҳафтаинаи гуруҳи кории марбут ба омодагиҳо ба ҷашни 25-солагии Истиқлолият дар ноҳияҳои пойтахт изҳори нигаронӣ карда, корҳои анҷомдодаи онҳоро нокофӣ арзёбӣ кардааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи 11 май ба гуруҳҳои корӣ дастур додааст, давоми ду ҳафта дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ барои аз байн бурдани ҳолатҳои ғасбу худсарона иҳота кардани қитъаҳои замини назди биноҳои бисёрқабатаи ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва бунёди иншооти ғайриқонунию ёрирасони ба фарҳанги шаҳрнишинӣ бегона ва “гараж”-у дарахтони хушкида, инчунин ободонии намои биноҳо, роҳу ҳудуди маҳалҳо ва каналу селпартоҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Манбаъ гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз додситонии шаҳр ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт даъват кардааст, дар доираи 130 рӯзи ободонӣ дар мулоқоту вохӯриҳо ба сокинон моҳият ва муқаррароти қонун “Дар бораи идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил” ва “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ”-ро фаҳмонида, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |