Ҳалокати марди 27-сола бар асари сангрезӣ дар роҳи Душанбе-Чанноқ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари сангрезӣ дар роҳи Душанбе-Чанноқ як сокини 27-солаи пойтахт ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод 10-уми май дар мавзеи Тагобии деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ, аз кӯҳ санг фаромада, ба автомашинаи “Опел-Зефира”, ки дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракат мекардааст, бархӯрдааст: “Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, марди 27-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Ин дар ҳолест, ки обуҳавошиносон тоҷик то 15 май дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид, борони шадид, жола, раъду барқ, дар доманакӯҳҳо омадани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳоро пешгӯӣ мекунанд. Дар пайи пешгӯии обуҳавошиносон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сангрезӣ, фаромадани ярч ва дигар ҳодисаҳои табиӣ ҳушдор дода, аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ҳадди имкон аз дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |