Президент ҷоизаҳо барои ҳукуматдорҳои беҳтаринро тасдиқ кард (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ангораи шоҳҷоизаҳоро, ки шахсан ба ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ месупорад, тасдиқ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳукуматҳои иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ гузаронда хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ барои ғолибон шоҳҷоизаҳо, аз ҷумла барои беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ «Ҷоми Ҷамшед» ва барои вилояти беҳтарин «Ҷоми Истиқлолият» супорида хоҳад шуд, ки ангораи онҳо аз ҷониби Президент тасдиқ шуд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ҷоизаҳо дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолият аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон супорида мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |