Шарти ВКД барои ҳабс накардани салафиҳо ва ифротиҳои дигар
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, агар аъзои ҷараёни тундрави "Салафия", «Таблиғ», «Бародарони мусулмон», «Ансоруллоҳ», «Давлати исломӣ» ва ғайра ихтиёран таслим шаванду сидқан пушаймон бошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод хоҳанд шуд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, як гуруҳ намозгузорони вилояти Суғд ба ВКД муроҷиат карда, арз доштаанд, ки вақтҳои охир аъзои ҷараёнҳои тундрави дар Тоҷикистон мамнуъ, ба монанди «Салафия», «Таблиғ», «Бародарони мусулмон», «Ансоруллоҳ», «Давлати исломӣ» ва ғайра зиёд ба ҳабс гирифта мешаванд. Муроҷиаткунандагон суол гузоштаанд, ки оё дар қонунгузории Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани чунин шахсони гумроҳ пешбинӣ шудааст ё не?
Вазорати умури дохилӣ бо нашри посухи расмӣ дар сомонааш таъкид кардааст: “Тибқи қонунгузории Тоҷикистон касоне, ки ба гуноҳи худ иқрор ҳастанд ва аз кирдори худ самимона пушаймон мебошанд ва ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда аз нофаҳмоӣ ё гумроҳӣ ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил шуданашро изҳор менамояд, тибқи эзоҳҳои дар моддаҳои 307-2, 307-3 ва 401-1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад”.
Ин изҳороти ВКД дар ҳолест, ки боздоштҳои рӯзафзуни ҷавонон бо иттиҳоми узвият дар гуруҳҳои гуногун мавриди интиқоди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бархе аз руҳониён қарор гирифт.
Ахиран Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик роҳи ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳои зиддимазҳабиро дар баргардонидани домуллоҳои саршиноси кишвар ба минбар унвон кард: “Имрӯз мешунавем, ки саф-саф ҷавонони кӯлобиро ҳабс ва аз ину он ноҳия боздошт мекунанд, вале бояд дарк кард, ки мардумро зиндон кардан, маънии пешгирӣ аз ин равандҳоро надорад, сафи зиндониёнро набояд зиёд кард. Инҳо ба зиндон, ки рафтанд усулан аз ин раванд намебароянд, зеро зиндон ҳатто розиёнро норозӣ месозад, ки ҳақиқатро бояд дарк кард! Ба пиндори сирф фардии мо, роҳи раҳоӣ аз вартаи пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ ҳаст ва он роҳи зӯрӣ набояд бошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |