Шанбе, 5 Апрел 2025
Фирори Раҷабови 20-сола аз ошёнаи 6-и боздоштгоҳ дар Рӯзи Ғалаба
Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабарҳо дар бораи фирори се тоҷик аз Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар Санкт Петербургро санҷида, муайян кардааст, ки миёни фирориён ду шаҳрванди Узбакистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳамроҳ бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муайян кардаанд, ки 9 майи соли 2016 тақрибан соати 15:00, 2 шаҳрванди Узбакистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон аз ошёнаи 6-уми Маркази нигаҳдории хориҷиҳо дар Санкт Петербург фирор кардаанд.
Манбаъ афзуд, ҷавони 20-солаи тоҷик, Раҷабов Мавлавӣ Дӯстбоевич ҳамроҳи ду шаҳрванди кишвари ҳамсоя панҷараи тирезаро бурида, бо ресмоне, ки аз рӯйпӯши курпа тайёр кардаанд, аз ошёнаи 6 поён фаромада, фирор намудаанд: “Айни ҳол кофтукоби фирориён аз ҷониби мақомоти Русия идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |