Бахшҳо

Жириновский-зода: Мансабдорони тоҷик шарманда хоҳанд шуд

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз миллӣ кардани номгузории тоҷикон дар Тоҷикистон интиқод кардааст.

Жириновский 10-уми май дар суҳбат бо журналистон изҳор доштааст, ки “талоши мубориза бо номгузории русӣ аз кишварҳои назди Балтика оғоз шуда, ба Украина ва акнун ба Тоҷикистон гузаштааст". Ӯ ин иқдоми мақомоти тоҷикро “хоришаки мансабдорҳо” унвон карда, афзудааст, ки “ягон вақт барои ин кор шарм хоҳанд дошт”.

Раиси Ҳизби либерал-демократҳои Русия насабашро ба тоҷикӣ Жириновский-зода баргардон кардааст: “Жириновский нею Жириновскийзода бояд гуфт. Он гоҳ насаб тоҷикӣ хоҳад буд. Бе зода фамилияи русист”.

Ҳангомаҳо атрофи миллӣ кардани номгузории тоҷикон дар ҳолест, ки бар асоси тағйиру иловаҳо ба қонуни Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" минбаъд бояд тоҷикон бо истифода аз пасвандҳои “зода”, “иён””пур” ва ғайра фарзандонашонро ном гузоранд. Тибқи иттилои Вазорати адлия барои афроде, ки феълан насабашон бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, иваз намудани номгузорӣ ихтиёрӣ мебошад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки ин муқаррарот ба ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон дахл надорад.
Мӯҳр
Ачоиб сиесатмадорхое, шумо чи кор доред ба ному насаби мо, Турсунзода, Айни, Миршакар, Лоик Шерали чи бади дорад ин ному насабхо!!!????Мо аслан худамон айбдорем баъди инкилоби соли 1917 бояд ному насаби миллиро иваз намекардем, ки хамин марионетка Жирик мора гап назанад!!!

Владимир Жириновский-и мухтарам, ин баргаштан ба таърих ва фарханги точикон аст. Оё точикро хамчун миллат дар чомеаи чахони ба расмият нашинохтаанд?! Пас, чаро Шумо онро тобиши сиёси медихед ва мубориза хондаед. Ин як кадами устувори бегаразонаи гузаштан ба асли худ аст. Мардуми точик бо хама миллат, махсусан бо русхо дуст буд ва мемонад.

Салим
Кани вакилони мо мархамат карда часоратро нишон дихед, кани чавонмарде ки чавоби ин. ........ мегардонад 100% бовар дорам як кас лаб намекушояд.

тохир Душанбе
Хар конуни баровардагии рахбари давлатро мехонаму ангушти хайратро мегазам.Саволхо бисьере пайдо мешаванд вале чавоб аз садринишинхо нест.Акнун конун нисбати ному насаб кабул кардан ва мардумро бо зури ба ичрои он тела медиханд ва онро ифтихори милли мехисобанд.Вале банда хайрон дар он аст ки ое миллатшиносию миллатдусти дар инсон бо конунхои мачбури пайдо мешавад? Харгиз! Ое хукуматдороне ки имруз насабашро иваз карданд онхо миллатдуст шуданд? Агар ман онхоро миллатдуст шуморам мисли онхо душмани бар маиллат мекунам.Ному насабро имруз косалесону лаганбардорон ивваз мекунанд ки аз паи дуздии хастанд вале мардуми кулли точик ба ин кор на вакт дораду на маблаг.Онхо миллатро дуст медоранд новобаста аз конуни шумо ва тайеран охирин катраи хуни худро барои миллату ватанаш бидиханд на бар мисли шумо конунбаророн фикри гурехтан ва тайерии онро доред дар мушкили.Барои ному насаб конун зарур нест балки шароити муфиде зарур ки хал мешавад.Вале шумо аз бахри пуле шуда хар конуне ба фоидаи худ ва бар зарари миллат кабул мекунед.

Зодагон
куллов
Салим бародар, ин вакилони мо холо сарфахм намераванд, ки гап сари чи рафта истодааст... чун зиедашон дар кучо будани худро намедонанд..

Ассалому алейкум ба хамаи точикистониен. Тули ду мох мешавад ки дар ОАЭ зиндаги дорам. Бовар кунед кариб 90% калимахои гуеки точики мебошад ягон зарра точики нест. Мисол.: зигир. Арабхо камакакро зигир мегуянд. Шояд зигирт мо аз арабхо мондааст? Интихобот, иттиход, раис, аъло, мадраса, Мактаб ... ин гуна калимахо бисерки ман бо ыикр кардам арабхо точики гап зада истода бошан))) кани ки сад фоиз кафолат дода метавонад ки дар як чумлаяш факат бо калимахои соф точики гап мезанад? Ин таърих аст. Вакте ки арабхо осиеи миенаро забт кард ва забони давлати то чанд аср забони араби буд бо забонхои миллатхои осиеи миена сахт омезиш ефт. Хамингуна вакте ки русхо моро 3 аср пещ забт карданд хамин раванд такрор шуд. Яъне мо маданияти русхоро гирифтем. Хамин калимаи маданият хам араби буда маънояш шахрнишин мебошад. Уфффф. Сад дарег... мардум дар кофтукоби чойи кор,инкадар селу заминчунби?, ин кадар иктисодиети мо касод, ин кадар банкхо муфлис шуда истодаанд, ин кадар одамон бехонаву дар, кариб 3-5 миллион кудак падару модаронашонро солхои дароз намебинанд, хар руз 10-20 " груз-200" аз Руссия омада истодааст.... ин вакилони мо кучоро нигох карда истода бошанд????????????


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)