Муҳофизони осори бостонии Миср далели баста шудани дарвозаи бинои аҳромро мушаххасан шарҳ надодаанд ва яке аз сабаби онро ҳифзи осори таърихӣ дар арафаи баргузории иди Қурбон маънидод кардаанд. Аммо ба иттилои расонаҳои хориҷӣ ҳукуматдорони Миср тариқи интернет аз мақсади баъзе гурӯҳҳое мисли масеҳиёну яҳудиҳо, ки мехостаанд, дар дохили яке аз аҳромҳои қадима дар рӯзи рақамҳои ҷодӯӣ дар пояи аҳром «Рӯзи шайтон»-ро ҷашн гиранд, бохабар шуда, барои оромии вазъ чунин тасмим гирифтаанд. Ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз даргириҳои мазҳабӣ миёни намояндагони гурӯҳҳои динӣ дар дохили аҳром гирифта шудааст.
Ин иқдоми ҳукуматдорони Миср дар ҳолест, ки бисёре аз мардуми ҷаҳон истиқболи ин рӯзро беқаророна интизор буданд ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Дар Маскав дар ин рӯз дилбастагони зиёде барои бастани ақди никоҳ омодагӣ мегиранд. Онҳо барои баргузории туйи арусӣ ба хиёбонҳо мебароянд. Дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико ба хотири баргузории тӯйи арӯсӣ дилбастагон аз меъёри муқаррарӣ 3 баробар зиёд ба хиёбонҳо мебароянд.
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |