Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) нерӯҳои амниятии Сурияро дар поймол кардани ҳуқуқи башар, аз ҷумла шиканҷа ва куштор дар шаҳри Ҳимси ин кишвар мутаҳҳам донистааст.
Ин созмон мегӯяд, аз оғози роҳпаймоиҳо ва эътирозоти мардумӣ дар шаҳру манотиқи мухталифи Сурия аз моҳи апрели то кунун наздик ба 700 нафар шаҳрванди ғайринизомӣ аз тири неруҳои амниятӣ ва вафодор ба режими Башшор Асад ба қатл расидаанд. Аз ин шумора танҳо 100 нафар дар ҳафтаи ахир кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории давлатии Сурия – САНА ташкил кардани ҳамоишу эътирозҳои «зиддидавлатӣ»-ро дасисаи гурӯҳҳои сияҳкор ва даҳшатафкан арзёбӣ намуда, ҳамагуна қатлу шиканҷаро аз ҷониби нерӯҳои давлатӣ рад менамояд.
Мӯҳр