“Роҳи абрешим”. Китоби нависандаи эронӣ дар бораи Олимпур ва кушторҳои “КГБ”
Ҳадия Шарифӣ, як нависандаи эронӣ аз иншои китобе дар бораи Муҳиддин Олимпур, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик хабар додааст.
Хонум Шарифӣ ба расонаҳои эронӣ гуфтааст, китоби ӯ “Роҳи абрешим” ном дошта, ҳоло дар саддади ба даст овардани иҷозатнома барои нашри он аст. Ба гуфтаи ӯ, “ин роман дар бораи ҳаводиси қабл ва баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ аст ва бахше аз он ба кушторҳои КГБ марбут мешавад”.
Ин нависандаи эронӣ дар идома гуфтааст: “Фикри навиштани ин романро беш аз ҳар чизе мадюни Алӣ Деҳбошӣ ҳастам, чун ишон дар дидоре ки бо ӯ доштам бо таваҷҷуҳ ба тавоноиҳои ман дар забони русӣ ва иттилоотам, маро нисбат ба нигориши ин кор ташвиқ кард”.
Муҳиддин Олимпур аз нахустин хабарнигори бахши форсии ВВС дар Тоҷикистон буд. Маҳз бо талошҳои ӯ соли 1993 Дафтари ин расона дар Душанбе боз шуд. Олимпур соли 1995 аз дасти афроди мусаллаҳ кушта шуд.
Ҳадия Шарифӣ аз фаъолони роҳандозии “Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон” дар фазои маҷозӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |