Бахшҳо

Агар Русия бо Тоҷикистон виза ҷорӣ кунад, чӣ мешавад?

Франтс Клинтскевич, намояндаи ҳизби ҳокими “Единая Россия” дар Маҷлиси болоии парлумони ин кишвар ба хабарнигорон гуфтааст, мехоҳад пешниҳоди ҷорӣ кардани виза бо бархе кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ ва ташвиқ намояд. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: АГАР РУСИЯ БО ТОҶИКИСТОН РАВОДИД (ВИЗА) ҶОРӢ КУНАД, ЧӢ МЕШАВАД?

Саидбек МИРЗОМУДДИНОВ, соҳибкори муқими Маскав
Ҷорӣ шудани виза барои муҳоҷирони меҳнатии мо душвориҳои зиёд пеш меорад. Барои ворид шудан ба қаламрави Русия лозим мешавад, ки ширкатҳои корфармо даъватнома равон кунанд, лекин на ҳамеша чунин мешавад. Дуюм, дар шароити буҳрони молӣ ин масъала ба буҷаи мо низ таъсир мерасонад, чунки воридоти пули муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан боз ҳам кам хоҳад шуд. Сеюм, агар виза ҷорӣ шавад, тақдири ҳудуди як миллион муҳоҷире, ки ҳоло дар Русия ҳастанд, чӣ мешавад? Муҳоҷирони тоҷикро хабари роҳандозии виза нигарон кардааст.

Абдулқодир АЛАВӢ, шоир
Ин ҳама дағдағаҳои пеш аз интихоботист. Замоне ки дар кишварҳои назди Балтик русҳоро аз ватанашон берун мекунанд, хабарнигорони Русияро аз марзи гумрукӣ муҳри баргашт мезананд, Русия дар муқобили онҳо коре карда наметавонад, чунки ҳукумати ин кишварҳо дар пой истодаст. Агар Ҳукумати Тоҷикистон ҳам аз худ чунин пойдорӣ ва устувориро нишон медод, Русия наметавонист дар муқобили Тоҷикистон кореро анҷом диҳад. Агар Русия Тоҷикистон ва Узбакистонро аз даст бидиҳад, ин ба манфиати Русия тамом намешавад. Ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран ба ин иқдоми Клинтскевич ҷавоб диҳад ва ӯро дар ҷояш шинонанд.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос
Гумон накунам, ки “бо дуои курмуш борон борад”. Ҷаноби Клинтскевич, агарчанде узви ҳизби ҳокими Русия аст, вале танҳо фикри шахсиашро ифода кардааст. Ҳукумати Русия ба ҷорӣ кардани виза он қадар ҳавасманд нест. Дар акси ҳол, барои ҳама аскарону афсарони пойгоҳи ҳарбиаш низ низоми раводид ҷорӣ мешавад. Аз тарафи дигар, Русия ба қувваи кории арзон ниёз дорад ва ҷорӣ кардани раводид метавонад ба ин халал расонад.
Албатта, ҷорӣ кардани раводид муҳоҷирони меҳнатии моро дар қиболи интихоби душвор оид ба қабул кардани шаҳрвандии Русия ба хотири сабук гаштани вазъашон хоҳад гузошт, ки ин дар навбати худ боиси афзоиши фасод дар сохторҳои марбутаи ин кишвар хоҳад гашт. Вале ин ҳама эҳтимолиятҳоеанду халос. Дар асл, ҳеч гуна виза ворид карда намешавад.

Нуралӣ ДАВЛАТОВ, таърихшинос
Русия дер ё зуд визаро ҷорӣ мекунад, бинобар ин аз ҳоло сари ин масъала фикр дорад. Мо ҳам аз ҳоло бояд худро ба ин омода созем.

Музаффар АҚДОДОВ, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ
Фикр мекунам ҷорӣ намудани виза ба манфиати мо хоҳад буд, чун вақте моро тариқи раводид қабул мекунанд, шояд масъулияти моро ба гардан мегиранд ва ба мо эҳтиром мегузоранд. Албатта, ин бештар аз фарҳанг ва менталитети мардуми мизбон вобастагӣ дорад. Менталитети он мардум иҷоза намедиҳад, ки онҳо ба ҳамаи муҳоҷирон, махсусан ба тоҷикон ба эҳтиром бошанд.

Талабшоҳ Салом, журналист
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯзаи иқтисодию иҷтимоии мо Маскав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия раводид роҳандозӣ кунад, боз ҳам ба ҳамон мушкилие дучор хоҳем шуд, ки қабл аз раванди саросарӣ касб кардани муҳоҷирати меҳнатӣ доштем. Вале масъалаи мазкур ба назари ман, чанд паҳлӯ дорад, ки бо назардошти онҳо мавзеъгириҳои ахири мақомдорони русро метавон ҳангома гуфт. Аввалан, Русия аз он ки дар Осиёи Марказӣ манофеи зиёд дорад, амнияти минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро амнияти худ медонад, ҳеҷ гоҳ барои мо виза роҳандозӣ наменамояд. Зеро Русия ҳам медонад, ки муҳоҷирати тоҷикон дар баробари паҳлӯҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҷанбаи амниятӣ низ дорад. Баъдан, суду даромаде, ки аз муҳоҷирони корӣ ба Русия мерасад, бар зарари ин кишвар нест. Яъне болои муҳоҷирон Русия ҳам манфиат дорад. Агар чунин намебуд, патенту дигар ҳуҷҷатҳоро, ки ҳадаф баҳрагирӣ аст, барои муҳоҷирин роҳандозӣ намекард, балки системаи раводидро ҷорӣ менамуд. Вале раванд нишон медиҳад, ки ҳадафи Русия, на ихроҷи муҳоҷирон, балки аз онҳо баҳра бардоштан аст. Баъдан, Тоҷикистону Русия ҷиҳати ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон қарордод доранд, ки ҷорӣ кардани виза хилофи он аст. Вале бо вуҷуди ин ҳама, агар билфарз, Русия ин ҳамаро нодида бигирад, Тоҷикистон метавонад бо ворид шудан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ин масъаларо ҳал кунад. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, аз ҷониби Русия ҷорӣ шудани виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон хаёле беш нест, зеро Русия айни ҳол дар вазъе иҷтимоию иқтисодие қарор дорад, ки ба нерӯи кории арзон ва аз лиҳози сиёсӣ, ниёзманд ба ҳампаймонҳо дар минтақа аст. Инчунин аз муҳоҷирон гаҳ-гоҳе ҳамчун воситаи фишор ба манфиатҳои сиёсияш истифода менамояд. Аз ин рӯ, ба андешаи ман, Русия ҳеч гоҳ ҷузъро ба кулл авлавият намедиҳад.

Дилшоди АБДУРАҲМОН, муҳоҷири меҳнатӣ
Режими имрӯзаи Русия мисли занҳо доимо аз зиндагӣ шикваҳо дорад. Мехоҳад нуфузи давраи Шӯравиро дар Тоҷикистон дошта бошад, аммо мардуми аз қашшоқӣ ва гуруснагӣ муҳоҷир гаштаро чашми дидан надорад. Ҳизби ҳоким сатҳи зиндагии мардуми русро ба яке аз қашоқтарин мардуми дунё баробар карда, чизе надоранд, ки дар интихоботи дар пеш буда ба намоиш гузорад. Аз шармандагӣ гурехта чун ҳамеша аз ҳама роҳи осонтаринро истифода менамоянд, то соҳиби ягон холаки сиёсие шаванд ва ба ҳисси милатгароии мардуми худ доранд бозӣ мекунанд. Суханони ин намояндаи ҳизби ҳоким воҳимае беш нест. Русия имрӯз ба як кишвари қашоқ мубадал гаштааст, ки барои муҳоҷирони мо низ чун пештара ҷазбкунанда нест. Бисёри муҳоҷирон аз паси дигар кишварҳои муҳоҷирқабулкунанда, ба мисли Кореяи Ҷанубӣ, Укроин ва Иттиҳоди Аврупоанд.
Мӯҳр
ин хамаш як сафсата аст виза хечвахт ба русия фойда овар нест хусан бо точикистон чунки ин русия хаст ки хазорхо гектар замини точика муфт грифтаст окно мир дар дуне сето аст якаш дар точикистон ки муфт истифода мебарад сангтуда вачандин иншоти бузургро муфт мехурад як рубил ба 201 двизияш намедихад ба болои ин дугу пуписа мекунад ки точикора виза мекунад ин пули мухочире ки аз русия меояд дар назди 201 окно мир сангтуда алюмини завод хеле ночиз аст мухочир бо мехнату азоб ин пули ночиза бо даст мебиерад русия муфт трлион трилион фоида мегирадад аз точикистон

Мухочир
Эй кош виза мешуд,эй кощ

шухрат, Агар ин хел бошад чаро Рахмон даъво карда наметавонад, ки хама мушкилихои мо аз Россия меояд? Дузди зур сохиби гова бастааст.

точик
Ба Думбараки Устод Айни визо чори мекунанд ё на ин фашистон дар 7 руз 10 точикро куштанд дигар чиро аз даст медихем ки метарсем? Бояд дар фикри дигар дуст буд инхо дигар аз Гитлер гузаронданд

Muhojir
Саидбек МИРЗОМУДДИНОВ,az hamin pastzaniyu lagadhuri behtar nest ,gurusna bimonem? MO ham odamem ,gurur boyad doshta boshem, nangu nomus boyad...agar hej chize arzishmand nadorem pas mo kiem?
Oromiyu "boadabii" manu shumo ,hususan dar Rusiya haridor nadorad va dar in umri kutoh tanavu malomati har sangaku kuluhakro bardoshtan niz mano nadorad.

Ахмад
Дар холати чори кардани раводид барои шахрвандони Точикистон аз тарафи Россия , Точикистон бояд масьалаи дар каламрави Точикистон будану набудани артиши Россия сахтгир бошад ва нисбати русхо хам раводид чори намояд. Мо точикон миллати бо нангу номус хастем ва иншаАЛЛОХ бе Руссия хам рушд мекунем ва хеч вакт пойбанди руссхо нахохем буд.

бе ин виза хам россия ба сари и милати мазлуми точик корашро карда истодааст чанд рузи пеш ки дар Сызрани вилояти Самара кадом як гурухе шояд барои власт е пул генерала кати ахлу оилаш куштанд ба сари точикхои бе сохиб заданщ ва имруз 07.05.2016 дар шахри самара дар кировский рынок ва дар третий авашной база омон хо даромадан факат точикора капида бурданд даже точикои гражданира хам вазият дар ин вилоят ганда безебай шояд дар хамаи росия хамихел фишор болои точикхо бошад фикр мекунам шояд байни Россияву Точикистон ягон нофахмихое бошад ки Россия факат рохи халро фишор болои мухочирои ин кишвар мебинад

Мухочир россия
Ман дар фикри хому хаталаи ин ду сенафар шархнавис хайронам инхо азноми зийода аз як милион мухо,ире ки барои чархи зниндагиро тоб додан дарин гурбат кору зиндаги доранд парвои инхо хеч кас шумо фикр накунен ки давлатхои коредавкореяийо аврупо шуморо пешвоз мегиранд хамунчохам виза даркор факат ин точики бечораро россия мебадорад россия як бахр аст шумо ношукри накунед аз россия барои онки мардикорбозори пеши зелони бозор гунчоиши зийода азяк милонро надорад боэтиром гастарбайтер.

123456
Фазои хавои чахонро аз дастмедихад

Агар Руссия виза чори кунад аз хама зиёд Точикистон зарар мебинад:Кариб як миллион мухочир ба ватан бармегардад ва сафи бекоронро пур мекунад.Чинояткорй якчанд маротиба меафзояд.Курби сомонй хоки сиях мешавад.Инро хар як шахрванд медонад,лекин солхое,ки ба Точикистон зиёда аз 3 миллиард доллари мухочирон дохил мешуд ва ин доллархо метавонистанд инвестисия шаванд,ягон рохбар оби шикамашро начунбонд

Абдувохид
Бародаро агар виза шавад хеч гап намешавад ба худи Руссия бад мешад. ИМА пазмон хаст, ки робитаи мо бо Русия бад шавад ва у ба кумаки мо омада базаи харбии худро инчо насб кунад. Дар охир гуфтаниям, ки хар як бандаи аллохро худи аллох риск медихад. Ва мо хамавакт ба худ ва аллохи худ такия бояд кард.

Патент
Агар виза шавад ба соли 1991-92 бармегардем.зиндагии халк аз болот русия аст.русхо девона нестанд ки ба МО даъватнома рои кунанд.дар русия узбаку киргиз армияну озархо кор мекунанд.онхо чи ниёз ба точик доранд виза шавад хеле зиндагии мардум БАД мешавад.Хукумати Точикистон ба ин хеле фикр намоетон!!!!

мехмон
Дар хакикат то имруз барои виза чори кардан оппозицияи Россия талош дошт. Хизби хукмрон агар масъалагузори карда бошад ин ба наздики бояд дар амал шавад.
Бигузор виза шавад !! Ин ба хукумат ва шахрвандони мо фоидаи калон дорад!! Мухочири точик дар Россия кадру киммате надорад ва дар худи хозир бо маблаги ночизе кор мекунад. Баъдан кисми зиёди мухочирон тарсу хастанду Россияро аз Точикистон авлотар медонанд. Хукумат низ дар таъмини чои кор ба шахрвандон талоши чиддие намекунад.

Юсуф
виза шавад аз ҳар лиҳоз ба нафъи мардуми ТОҶИК аст иншоаллоҳ
ҳар тавре ки баррасӣ кунӣ виза шудан яъе дур шудан аз Русия дур шудан аз Русия ин яъне шуруи ободӣ озодӣ, рушд ва ҳаракат ба суи зиндагии инсонӣ ҳар ки бо Русия буд бадбахт шуд ҳар ки ҷудо шуд бурд кард

Маъруф аз Олмон
...Ахсан ба ту мухочир-бача , бовар кунед мардум ин суханонеро, ки мухочир гуфт сад дар сад кобили кабул аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)