Бахшҳо

Рақобати яккачинҳои Тоҷикистону Бангладешро суриягиҳо доварӣ мекунанд

Доварони нахустин рақобати тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳалаи плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 бо яккачини Бангладеш муаян гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, ин қувваозмоиро доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Сурия -- сардовар Ханна Хаттаб ва ҳамватанонаш Алӣ Аҳмад, Мазен Зазфун, Ферас Тавил ҳакамӣ хоҳанд кард.

Нозири бозии яккачини Тоҷикистон ва Бангладеш мутахассис аз Эрон – Масъуд Муродӣ ва комиссари бозӣ Чен Хин Чун аз Ҳонконг интихоб шудаанд. Тибқи натиҷагирии қуръакашӣ, ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия доир шуд, дар марҳалаи аввали плей-офф 10 даста иштирок мекунанд, ки аз ин панҷ дастаи ғолиби даври аввал ба марҳилаи гуруҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Бозии мазкур 2 июн дар Душанбе ва даври ҷавобии он 7 июн дар Дакка доир мегардад. Қаблан Ҳаким Фузайлов, сармурабби тозаинтихоби мунтахаби кишвар зимни муаррифияш дар ҳузури рӯзноманигорон, роҳ ёфтан ба даври интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё ва пас аз он баромадан ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2019-ро вазифаи аввалиндараҷаашон унвон карда буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)