Худовезии муҳоҷири сеюми тоҷик дар Санкт Петербург

Мақомоти Русия аз худовезии ҷавони 18-солаи тоҷик дар партовгоҳи маҳаллаи “Новий Свет”-и Санкт Петербург хабар доданд.
Тавре расонаҳои Русия аз қавли мақомоти ин кишвар хабар додаанд, ҷасади муҳоҷири марҳуми тоҷик, ки то 19-солагияш ҳамагӣ чанд рӯзи дигар монда буд, 5 май дар партовгоҳи ноҳияи Гатчинск дарёфт шуд: “Ӯ бо истифода аз ноқили барқ худро ба дор овехтааст. Дар баданаш осори марги маҷбурӣ аён набуд ва паёми пеш аз маргро низ нагузоштааст”.
Ба иттилои манобеъ марҳум як ҳафта қабл ба маҳаллаи “Новий Свет” ба назди ҳамватанонаш омада буд.
Дар сурати тасдиқи ин хабар аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон, марҳум сеюмин муҳоҷири тоҷик хоҳад буд, ки давоми 1,5 моҳи охир дар Сант Петербург худро ба дор овехтааст. Охири моҳи апрел намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург аз худкушии Аминов Муҳриддин Иброҳимович, соли таваллудаш 1985 зодаи деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ хабар дод, ки ҷасадаш тақрибан соати 21:30 дақиқаи 26-уми апрел дар суроғаи Энгелс 129/3 дарёфт шуда буд. Аз ин пештар дар Ҳусейн Саидов, сокини 29 солаи шаҳри Душанбе дар Санкт Петербур худро ба дор овехта буд. Намояндагии Тоҷикистон дар шарҳи қазия гуфт, “Саидови марҳум аз бонк қарздор будааст. Натавонистааст қарзи бонкро баргардонад ва аз ин рӯ худро ба дор овехтааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |