Бахшҳо

Вақте намегузоранд тоҷик бошем

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Дахолати истеъморгарона ва дур аз мантиқи расонаҳо ва вакилону коршиносони Русия ба тасмими Тоҷикистон дар мавриди даст кашидан аз номгузории русиро танҳо мешавад чунин пазируфт: русҳо намегузоранд тоҷик бошем.

Хабари ба таври расмӣ манъ шудани номгузорӣ бо пасванди русии “ов” ва “ович” дар Тоҷикистон аз ҷониби аксари қишри равшанфикри ҷомеа бисёр ба хубӣ пазируфта шуд, вале ин шодмонии миллӣ дер давом накард ва зери таъсири фишори иттилотти расонаҳои русӣ ва баёнияҳои баъзе аз вакилону коршиносони рус як масъули Вазорати адлия –Ҷалолиддин Раҳимов дар суҳбат бо хабаргузории “Интерфакс” қонуни пазируфташударо сарфи назар кардаву гуфт, он хосияти тавсиявӣ дорад. Дар ҳоле ки ҳамин Ҷалолиддин Раҳимов, муовини раҳбари Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия 29 апрел дар як суҳбаташ ба “Озодагон” гуфта буд, аз моҳи марти соли равон номгузорӣ бо истифода аз пасвандҳои “ов” ва “ович” мамнӯъ мебошад.

Тоҷикистон бо тасвиби қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” хост ба таври расмӣ аз гузоштани пасвандҳои русӣ дар номи падар ва номи хонаводагӣ (фамилия) даст бикашад. Вазорати адлия дар муаррифии ин қонун гуфта буд, ки “барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва тоза нигоҳ доштани забон муқаррар шудааст, ки тоҷикон аз номгузории миллии худ кор баранд”.

Вале ҳангомаи расонаҳои русӣ ва вакилони Думаи ин кишвар дар баробари ин тасмими давлати Тоҷикистон мунҷар ба ин шуд, ки Тоҷикистон муқаррароти қонунро ба гунаи дигар шарҳ бидиҳад. Ҳарчанд Вазорати адлия гуфта буд, ки ин тағйироти ворида ба аққалиятҳои миллӣ дахл надорад ва онҳо дар номгузорӣ метавонанд аз анъанаҳои худ истифода кунанд, аммо ин руҳи истеъморгарона ва маниши таҷовузкоронаи русҳоро ором нагузошт.

Албатта мо наметавонем вокуниши ҷомеаи Русияро ба ин тасмими Тоҷикистон дахолат кардани Русияи расмӣ ба умури дохилаи Тоҷикистон унвон кунем, зеро то кунун мавқеи расмии Русия (ҳарчанд ки изҳори чунин як мавқеъ зарур ҳам нест) изҳор нашудааст. Аммо дар чунин вазъиятҳо ҳукуматҳо ҳамеша иродаи худро барои вайрон накардани муқаррароти муносиботи байналмилалӣ аз тариқи расонаҳо ва созмонҳои маданӣ изҳор мекунанд ва чунин пиндорро мешавад дуруст ҳисобид, ки ин фишорҳо мавқеи Русия мебошад.

Русия ва русҳо то кунун ба Тоҷикистон чун ба як мустаъмараи худ муносибат мекунанд. Мутаассифона низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳам то кунун ҳамеша имконият додааст, ки мо мустаъмараи Русия бошем. Ҳанӯз Тоҷикистон замоне, ки расиҷумҳури кишвар ному номи хонаводагии худро аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба Эмомалӣ Раҳмон тағйир дод, қасд дошт ба номгузории миллӣ бипардозад, вале он замон ҳам ба вокуниши тунд ва фишори иттилоотии шадиди расонаҳои русӣ ва ҳамин тур ҷомеа ва кишвари Русия рӯ ба рӯ шуд. Ин фишор боис шуд, ки баъдтар сухангӯйи Президенти Тоҷикистон шарҳ бидиҳад, ки ин тасмими сардори давлат иҷборӣ нест ва хосияти тавсиявӣ дорад. Вақте дар сатҳи болои давлат ин гуна ларзиши мавқеъ дар роҳҳи миллигароӣ эҳсос шуд, акнун эҳтимоли зиёд аст, ки бо вуҷуди меъёри қонун будан ҳам раванди ба номгузории миллӣ пардохтан ба кундӣ пеш меравад ва боз ҳамон истондорти дугона боқӣ мемонад. Аммо ба назари мо бо вуҷуди паёмадҳои эҳтимолие, ки ин тасмим метавонад ба дунбол дошта бошад, Тоҷикистон набояд аз он даст бикашад. Ҳарчанд русҳо имрӯз таҳдид ба ҷорӣ кардани раводид, ихроҷи муҳоҷирин ва дигар таҳримҳо мекунанд, лекин Тоҷикистон бояд дар ин масир азхудгузаштагии сиёсӣ ва иқтисодӣ нишон бидиҳад. Зеро миллигароӣ ҳамеша қурбонӣ мехоҳад.

Шояд (ва ҳатман) бисёриҳо ва бештар қисми ҳуввиятбохта эътироз кунанд, ки дар ҳамин мақтаи замонӣ ин гуна ҷасорат ва ҷуръати сиёсии роҳбарияти Тоҷикистон муҳим нест. Онҳо иддаъо доранд, ки барои мо муҳимтар аст то бештар дунболи манофеи иқтисодӣ бошем. Аммо ҳамин гуна гузаштҳои сиёсӣ ва ноустувории мавқеъ ҳаст, ки имрӯз русҳо моро комилан эҳтиром намекунанд. Бояд донист, ки ном дар таъини ҳуввияти шахсиву миллӣ ва рушди он нақши калидӣ дорад. Гузашта аз ин тоҷик бояд номи тоҷикона ё ҳадди ақал номе дошта бошад, ки ба фарҳанг ва ҳуввияти милли ӯ қаробат дошта бошад. Бо вуҷуди истеъмори 56-солаи русҳо дар замони Манғитиҳо, 71-сола дар даврони Шуравӣ ва 25 соли вобастагии сиёсиву иқтисодӣ аз Русия дар даврони истиқлол, фарҳанги русӣ барои мо бегона аст ва он ҳеч қаробате ба мо ва маниши мо надорад. Аз ин ру, боястӣ раванди гузаштан ба номгузории миллӣ хосияти умумӣ бигирад ва марҳилаи ба намоиш гузоштани ғурур ва ифтихороти миллӣ бошад. Бояд ба манзури вокуниш ба ин гуна истеъморталабии русӣ пеш аз ҳама қишри равшанфикр фавҷ-фавҷ аз номгузории русӣ даст бикашанд. Расонаҳо бояд дар ҳафта ва дар моҳ омори дақиқи касонеро, ки аз номгузории русӣ даст кашидаанд, нашр намоянд.

Бояд дар замони ҷаҳонишавӣ иқтидори пуштибонӣ аз фарҳангу ҳуввият ва арзишҳои миллиро дошта бошем ва нагзорем, ки дигарон истиқлол ва соҳибихтиёрии моро эҳтиром накунанд. Пеш аз ҳама бояд худ ба истиқлол ва соҳибихтиёрии худ эҳтиром дошта бошем. Дар ғайри сурат намегузоранд, ки тоҷик бошем!!!
Мӯҳр
Муҳоҷири тоҷик
Хай бародар, вақте, ки мо муҳтоҷи ҳамин кишвар бошем албатта вайҳо инро намехоҳанд. Боз илова бар ин барои аз ном ба номи дигар гузаштан ин пулро талаб дорад. Бечора 70фоиз миллати тоҷикам пуле намеёбад бад, ки орду равған харад.

шахрванд
Бояд дар замони ҷаҳонишавӣ, ва вакто ки дингар милатхо кайхонро меомузанд ва хоказо, мухтарам Сулаймони, бояд шуурноки, фарханг (культура) ва саводнокии мардумро баланд бурд на он ки ба таври расмӣ манъ намудани номгузори. Хар як инсон дар мамлакати дунявии демократи факат худаш бе дахолати хукумат номи фарзандашро метавонад бигузорад. Ягон кас шуморо аз точик буданатон гардонида наметавонад, агар хиссиёти милли ва ватандусти дар дил бошад на дар когазу сухан. Аз дигар намудани ному насаб, русхо шуморо (Сулаймони) яки якбора эхтиром намекунанд.

Салом дустони азиз! Бовар кунед, хеле ба маврид ин масъала аз чониби бародар Иршод пайгири шудааст. Шахсан манро мутолиаи баъзе аз маколахои эътирози дар сайтхои гуногун вобаста ба номгузории точики водор намуд, то харчи зудтар аз ному насабам пасвандхои русиро хорич намоям. Чунки номуси милли манро ором намегузорад. Хурсанд аз он хастам, ки ному насаби фарзандонамро точикона номгузори намудаам.
Ду пешниход дорам, оиди аз чониби Хукумати кишвар шароит фарохам овардан ба тагири ному насаб, ки метавонад раванди онро шиддат бибахшад:
1. Содагардонии раванди номивазнамои;
2. Ба таври ройгон барох мондани чорабинии мазкур.

Сокин
шахрванд,
Акаи Шаҳрванд мегум худут аълахони чии. Ин ки ному насбатро точики куни кайхонро омухтан наметони? Ному насбаи руси ба таври расмиву маҷбури ба мо гузошта шуда буданд ва онҳоро бояд ба таври расмиву маҷбури дафъ кардан даркор. Гап сари ном гузоштан нарафтаст дар маколаи боло ба фахмидагии ман. Унчада амин бачааки журналист дар бораи Фамилия ва Отчество гап задааст. Хисёти милли ва ватандусти хубтар аст, ки хам дар дил бошаву хам дар амал, акаҷони Шаҳрванд.

ы
Мо гуломи русхо хастем. Гулом бояд фармони хучаинро бечуну чаро ичро намояд.

Агар давлати мо чунин иқдом мехоҳд? пас Ин ду пешниҳоди Хушбахтро давлат ба роҳ монад! вале чи илоҷ ки бе маблағу бе саргардони ҳеҷ коре ба анҷом расонда намешавад.

мехмон
Сокин,
Пеш аз он ки ному насаб иваз кард бояд озод бошем на ин ки гулом !!! Мо гуломихои озод хастем. Бо ихтиёри худ гулом мешавем. На гуломи русхо, балки гуломи мошину пул , хонахои дабдабанок, маъракахои пурхарч!!
Барои худшиноси бояд мухочиратро ба Россия катъ кард. Бо баровардани конун не , бо иродаи точики !!!
Мо мухочир шуда тамоми обруи худро рехтаем. Ба тамоми намуди кор даст мезанем ва корхои сиёхро мекунем. Мо ки хастему русхо ки хастанд ? Вакте мо империя доштем русхо дар чангал зиндаги мекарданду решаи дарахт мехурданд ! Гардиши айём шуду мо мухочир шудем.
Хатто Мугулистони кучак 300 сол русхоро гулом карда буд. Мо бошем бо пули худ рохкиро харч карда гуломи меравем.
,, Хоки Ватан аз тахти Сулаймон бехтар!!"

Гунги тутала.
Иршодчун ббародари аьазиз!Рафта дар ВКД ба бббба ккор ддаро!Ззеби гггенерали ддори бба ххудддоо!Ммести ннависто ннавис ккаарда?Аагар мман пппрезидент мееешидумм,ффардояш,хатмман ффармони ггенарал унвон ггирифтанааатро ммебаровардаммм.Ззеби вазири ВКД дддори.бба хххудо!
Ннеки ман,гунги тттуталлааум ооози!

Ки туро аз точик будан манъ мекунад? Барои русхо фарк надорад, ки ту чи ном дорй ва фамилияат чи ракам аст. Россия ки омадй, худат е Иля ё Саша мешавй. Вакте ки Гафуров "Точикон"ро навишт, касе зид набуд, Айнйро касе мачбур накард, ки "ов" илова кунад. Шумо барин "тентак-хабарнигорон" мавзуи рузро кашида-кашида худро нишон медихед. Аз хамин макола точик будани ту маълум аст. дар истилохоти форсиву арабй чунон гутидай, ки максад кариб ки номаълум аст. Ту баринхо ба точик будани мо ва точикй будани забони мо зарар мерасонанд. " Расонахо" бояд (!) хар хафта омори дакики(?) касонеро ки аз номгузории русй даст кашидаанд, нашр намоянд!?" ХАМИН ХАМ ГАП ШУДУ... Ё як чизи забонзада: Ҳарчанд русҳо имрӯз таҳдид ба ҷорӣ кардани раводид, ихроҷи муҳоҷирин ва дигар таҳримҳо мекунанд, лекин Тоҷикистон бояд дар ин масир(!) азхудгузаштагии (!) сиёсӣ ва иқтисодӣ нишон бидиҳад. Зеро миллигароӣ ҳамеша қурбонӣ мехоҳад". Худат фахмидй ки ЧЙ НАВИШТАЙ? " Аввал андеша , баъд гуфтор! "Озодй" бештар сафсатахоро чоп мекардагй шудай, дигар мавзуъ ва рузноманигорон чй шуданд?

шахрванд
сокин,
Хами мегум, ки хама корра ба мачбури ед гирифте кардана. Чи магар нангу номус надори ки худат рафта ному насабатро иваз куни? Албатта конун бошад баъд амал мекуни? Ба гайр аз ивази ному насаб агар хатнависии форсиро чори мекарданд бисер оличаноб мешуд. Метавонистем ки хеле китобхоро дар аслаш бихонему бахра бигирем

ТОчикзода
Ҳалолат бод, бародари азиз, воқеан ҳақ астӣ!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Қандата зан, Аҳсан!

Dev
Зоиршо,
Zoirshoi jun, shoyad man ham ba one ki rasonaho kadom omorero nashr kunand, rozi nabosham, vale une ki "Tojikon"-i GaFUROV bemamoniyat nashr shudu Ajnii aziz be "ov" bud, ba zamoni hozira,ki ba kavle "kajla az mazzaash guzashtagist" (mutaassifona in kajlaro mo hudamon shur kardem) barobar kardan nashoyad. On vakt ba norozigii namoyandai yak millat metavonistan majlis oroyandu mushkiliro ba hadde barrasi kunand,holo boshad bubined,ki ba margi tufli 5sola kase gunahkor nashud, ba tajovuzu kushtori duhtari tojik afsari rus "devona" hisob shud,ba kushtori du -se tojik kasero mujozot namekunand. Une ki zhurnalist Irshod navist peshi guftavu dashnomhoi ruson tamoman sifr ast.Mo robot nestem, nametavonem tamomi umr tanavu malomat, dashnomu lagad huremu orom boshem, ba hotiri yak burida nonu bagali garmi duhtari rus...
"Ozodagon" hohish!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)